27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
30.09.2025 09:51

Файзобод: Оғози сафари кории Президенти кишвар ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ, имрӯз 30 сентябри соли 2025 ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти кишвар нахуст аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.

Соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонидаанд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лубиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар усоид мебошад, иттилоъ дода шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 сентябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору  39 тонна ғалладонагӣ,  7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полезӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.