Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Президенти Эрон: “Ба зону даровардани Эрон ва мардуми он фақат як хобу хаёл аст”
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар мулоқот бо кормандони бахши оташфишонии Эрон гуфт: “Мехоҳанд моро таҳрим кунанд, чун ҳозир нестем, дар баробарашон сар хам кунем. Чун намехоҳем таҳқир шавем ва хаёли ба зону даровардани Эрон ва мардуми мо фақат як хоб ва хаёл аст”.
“Ин ки ҳоло биёем дар ҷомеа таваққуотеро эҷод кунем, ки мардум омада ва дар мушкилоти мавҷуд эътирозоти худро матраҳ кунанд, нақшаест, ки душманон дар назар доранд. Мо ҳоло бо мушкилот мувоҷеҳ ҳастем, тасаввури ин ки вазъияти мо дар ҳоли ҳозир бисёр хуб аст ва сипас, метавонем ҳар коре анҷом диҳем, саҳеҳ нест” – таъкид кард Президенти Эрон.
Президенти Эрон афзуд, ки бо ин мушкилот ва сахтиҳо бояд канор омад: “Ду роҳ вуҷуд дорад: ё ин масирро пазирем ё масири дигарро тай кунем. Интихоб бо мову шумо аст. Интихоб бо мардуми кишвари мост, лизо ё бояд сар хам кунем ё бояд биистем ва талош кунем, дар муқобили онҳо тарҳи нав андозем” – гуфт Масъуд Пизишкиён.
Президенти Эрон хитоб ба оташнишонони эронӣ гуфт, ки масъулият ва шуғле, ки интихоб кардаанд, барои наҷот ва моли инсонҳо бисёр арзишманд аст: “Ин ки одам дилаш ба инсонҳо бошад, барои кумак ба онҳо зиндагӣ кунад, ҷойгоҳи хосае дорад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”