Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Русия пешниҳод шуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ нафақаи иҷтимоӣ дода шавад
Раиси Ҳизби либерал-демократи Федератсияи Русия Леонид Слутский пешниҳод кард, ки пардохти нафақаи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, қатъ карда шавад. Ӯ таъкид кард, ки ин иқдом метавонад сарбории буҷаи федералиро кам кунад.
Дар ин хусус, роҳбари ҳизб Леонид Слутский хабар дода, афзуд, ки Русия то ҳол бо чанд мушкилоти асосӣ, аз ҷумла амалиёти махсуси низомӣ, мушкилоти демографӣ рӯ ба рӯ аст ва уҳдадориҳои молиявӣ тақоза мекунад, ки маблағҳои буҷетӣ ба шакли сарфаркорона харҷ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, давлат пардохти нафақаи хориҷиёнеро идома медиҳад, ки ба гуфтаи сиёсатмадор “дар бунёди кишвар ширкат надоштанд” ва “зери эҳтироми Русия ва русҳо” нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳолест, ки нафақахӯрон дар Федератсияи Русия маблағҳои камтар мегиранд.
Ҳизби либерал-демократи Федератсияи Русия ба ин бовар аст, ки лағви нафақаҳои иҷтимоӣ барои муҳоҷирон имкон медиҳад, ки “низоми нафақа”- ро аз уҳдадориҳои иҷтимоии беасос ҳифз кард, то хароҷоти буҷа камтар шавад.
Тибқи қонунгузории амалкунанда ҳуқуқи гирифтани нафақа ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бегона, ки беш аз 15 сол дар Федератсияи Русия ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд ва мардон ба 70 сол, занон ба 65 сол расидаанд, муқаррар шудааст.
То 1-уми сентябри соли 2024 дар Русия беш аз 6, 15 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2024 нафақаи иҷтимоӣ дар Федератсияи Русия 7, 5% ва соли 2025 14, 75% индексия шудаанд, ки дар натиҷа миёнаи андози нафақа ба 15 456 руб расид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”