Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Истеҳсоли тухм дар Тоҷикистон то 20 фоиз зиёд шуд
Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз моҳи январ то августи соли 2025 дар кишвар беш аз 914 миллион донна тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20 фоиз бештар мебошад.
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи асосии афзоиши истеҳсолот ба вилояти Суғд рост омадааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 29, 7 фоиз бештар тухм истеҳсол кардааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаҷми истеҳсолот 2, 5 фоиз, дар вилояти Хатлон 0, 1 фоиз ва дар шаҳру ноҳияи тобеи кишвар 2, 5 фоиз боло рафтааст.
Парандапарварӣ яке аз бахшҳои муҳимтраини чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумурда мешавад ва мақомот мегӯянд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо ғизои сафедадор нақши калидӣ дорад.
Бар асоси иттилои Вазорати кишоварзӣ, айни замон дар кишвар 228 корхонаи парандапарварӣ фаъол аст, ки нисбат ба соли гузашта 10 адад бештар мебошад. Аз ин шумора, 102 корхона ба истеҳсоли тухм, 112 корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 корхона ба ҳар ду навъ ва 6 корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
Мақомоти омор мегӯянд, то моҳи август дар ҳамаи хоҷагиҳои кишвар беш аз 12, 6 миллион сар паранда парвариш ёфтааст. Дар ҳамин давра 669 ҳазор тонна тухм ва қариб 20 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст, ки назар ба соли гузашта, ҳам аз лиҳози саршумори паранда ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми маҳсулот афзоишро нишон медиҳад.
Мақомот парандапарвариро як аз роҳҳои муҳим барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фароҳам кардани ҷойҳои нави корӣ дар деҳот мешуморанд. Дар кишвар бештар мурғҳои тухмдеҳ ва гӯштин парвариш карда мешаванд, вале солҳои охир парвариши парандаҳои дигар, ба мисли бедона ва мурғи марҷон низ роҳандозӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”