Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Макгрегор, Чимаев, Ҷонс, Топурия. Боз киҳо мехоҳанд дар мусоҳибаи UFC Қасри сафед баромад кунанд?
Роҳбари ташкилоти UFC Дана Уайт ва президенти Амрико Доналд Трамп бахшида ба 250-солагии Амрико дар назди Қасри сафед мусобиқаи UFC-ро бо иштироки маъруфтарин размкорон баргузор мекунанд.
Мусобиқаи UFC дар назди Қасри сафед моҳи июли 2026 доир мегардад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки алакай рамзкорони машҳури ташкилоти мазкур хоҳиши иштирок карданашонро дар он иброз медоранд.
Тибқи иттилои дастрас, рамзкори ирландӣ ва яке аз номдортарин варзишгарони ташкилоти UFC Конор Макгрегор чанд маротиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ қайд кард, ки муҳорибааш зидди Майкл Чендлер маҳз дар мусобиқаи мазкур доир мегардад. Ин ҳамон муҳорибаест, ки бояд соли 2023 барпо мешуд.
Дар ин росто, чемпиони UFC дар вазни миёна Ҳамзат Чимаев, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Ҷон Ҷонс, чемпиони UFC дар вазни сабук Илия Топурия ва дигарон расман эълон карданд, ки дар мусобиқаи мазкур хоҳиши иштирок кардан доранд.
Дар ин росто, роҳбарияти ташкилоти UFC то ҳол дар бораи барномаи мусобиқаи мазкур иттилое нашр накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”