27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
29.09.2025 07:41

Аз сифати таълим то зиёд кардани кадрҳои омӯзгорӣ. Раҳим Саидзода дар ҷаласаи ректорон чӣ гуфт?

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 27-уми сентябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи кории вазири маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами таҳсилоти олии касбӣ дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар баробари пешравиҳо, ҳамоно сатҳи нокифояи сифати таълим, инчунин, иҷро нагардидани пурраи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба чашм мерасад.

"Вазири маориф ва илм дар суханронии худ изҳор дошт, ки таҳсилоти олӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, бахусус барои соҳаи томактабӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, бояд ҳадафи муҳимми муассисаҳои таълимии минтақа бошад, зеро он бо ояндаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар иртиботи зич дорад", омадааст дар иттилоияи вахорат.

Дар ҷаласа вазири маориф иброз дошт, ки зиёд намудани шумораи ҷойҳои таҳсил дар ихтисосҳои омӯзгории равияи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамзамон, таъмини муассисаҳои томактабӣ бо мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла омӯзгорони дорои тахассуси забонҳои хориҷӣ, вазифаи таъхирнопазир мебошад.

Инчунин, масъалаи омодасозии модели нави бознигарии барномаҳои таълимии ихтисосҳои омӯзгорӣ, такмили курси методикаи таълими фанҳо, таҷрибаомӯзии пайвастаи донишҷӯёни педагогӣ ва назорати КМРО ва КМД низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.