27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
27.09.2025 14:21

Дипломат ва тоҷир. Чӣ тавр Фараҳноз Қурбонова дар Кореяи Ҷанубӣ соҳаи тиҷоратро меомӯзад?

Ҳамсуҳбати навбатии мо Фараҳноз Қурбонова аст. Ӯ Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ бо дипломи аъло хатм карда, барои давом додани таҳсил дар зинаи магистратура бо барномаи Global Korea Scholarship (GKS) ба Кореяи Ҷанубӣ рафтааст. Ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои пешқадами Кореяи Ҷанубӣ соҳаи тиҷоратро меомӯзад ва дар дил орзуву нақшаҳои калон мепарварад.

Dialog.tj бо Фараҳноз Қурбонова доир ба махсусияти таҳсил дар хориҷи кишвар, талаботи барномаи Global Korea Scholarship, шароити зиндагиву таҳсил дар хориҷи кишвар, имконоту роҳҳои нави омӯзишу таҳқиқ ва забономӯзиву касбомӯзӣ суҳбат кард.

- Шумо Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро дар самти муносибатҳои байналмилалӣ хатм кардед. Чӣ сабаб шуд, ки тасмими идома додани таҳсилро дар хориҷи кишвар ва дар соҳаи тамоман нав – тиҷорат гирифтед?

- Дар ҷараёни таҳсил дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо шарофати дарсҳои гуногуни барномаи таълимӣ дарк кардам, ки бароям соҳаи тиҷорат наздиктар ва ҷолибтар аст. Ҳамин буд, ки вақти омӯзиши сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои гуногун маълумоти бештар дарёфт кардам ва тасмими идомаи таҳсил дар соҳаи навро гирифтам. Ҳамчунин, гузаштани таҷрибаомӯзӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маро бори дигар ба интихоби роҳи нав ва омӯзишу таҳқиқи соҳаи алоҳида водор кард.

- Ҳоло дар яке аз давлатҳои пешқадам Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунед. Бигӯед, ки чаро маҳз ин кишварро интихоб кардед?

- Кореяи Ҷанубиро интихоб карданам боз ҳам аз дарсҳои донишгоҳ ва он донише, ки устодон ба ман меомӯзонданд, сарчашма мегирад. Модели рушди иқтисодии Корея хеле самарабахшу барои омӯзиш ҷолиб аст, зеро дар муддати кӯтоҳ ин кишвар аз давлати қафомонда ба яке аз давлатҳои пешрафтаи дунё табдил ёфта, дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, истеҳолот ва навоварӣ пешрафтҳои зиёд кардааст. Баъди омӯзишу таҳқиқҳо ба хулосае омадам, ки таҳсиламро дар соҳаи тиҷорат маҳз дар ин кишвар идома медиҳам ва аз курси сеюм ба омӯзиши забони кореягӣ оғоз кардам.

- То ҷое медонем, Кореяи Ҷанубӣ рафтан осон нест, бигӯед, ки бо кадом барнома рафтед ва он ба шумо чӣ имконият медиҳад?

- Ман бо барномаи Global Korea Scholarship (GKS) ба Корея омадам. Ин барномаи давлатии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки хоҳишмандонро аз тамоми дунё даъват менамояд. Барномаи мазкур пурра аз хисоби давлат маблаггузорӣ мешавад. Тавассути ин барнома дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктор PhD имкони тахсил кардан ҳаст. Ин барнома довталабонро бо билети ҳавопаймо, як соли забономӯзӣ, барои донишҷӯёни бакалавр 4-5 сол (вобаста аз ихтисос) ва барои магистрантон 2 сол маблағи таҳсил ва инчунин, идрорпулии моҳона ба миқдори қариб 1000 доллари амрикоӣ таъмин менамояд.

- Имконоте, ки барнома медиҳад, хеле зиёданд, лутфан бигӯед, ки он чӣ талабот дорад? Оё ғолиби ин барнома шудан осон аст?

- Барномаи мазкур яке аз барномаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба хисоб меравад ва барои ҳар як донишҷӯ маблағи калон чудо мекунад. Барои мисол, маблағи шартномаи солонаи донишгоҳи ман тақрибан 22 ҳазор доллари амрикоист. Аз ин рӯ, талаботи зиёд дорад. Бояд ҳаштод фоизи баҳоҳои мактабии довталаб аъло бошанд ва забони англисию кореягиро дар сатҳи баланд донист. Ман вақти ҳуҷҷатсупорӣ бештар ба забони англисӣ такя кардам, зеро забони кореягиро то зинаи дуюм медонистам. Ҳамин тавр, бо сертификати байналмилалии TOEFL ба ин барнома ҳуҷҷат супоридам ва муваффақ гардидам.

- Дар Тоҷикистон ихтисоси муносибатҳои байналмилалиро омӯхтед, ҳоло дар Корея соҳаи тиҷоратро меомӯзед. Ивази соҳаи омӯзиш душвор набуд ва оё ин гуна имконро донишгоҳ медиҳад?

- Ин ҷо аз як соҳа ба соҳаи дигар гузаштан он қадар мушкил нест, аммо ба шарте, ки фарқ миёни ду соҳа зиёд набошад. Масалан, ман наметавонистам ба соҳаи тиб дохил шавам. Дар мавриди он ки аз муносибатҳои байналмилалӣ ба тиҷорат омадам, маро лозим омад, ки дар суҳбати махсус ҳайати ҳакамонро қонеъ кунам, ки бароям соҳаи тиҷорат ҷолиб аст ва омӯзишу таҳқиқ дар ин самт хеле шавқовар мебошад. Онҳо дарк карданд ва иҷозаи таҳсилро ба даст овардам.

- Шумо дар кадом донишгоҳ таҳсил мекунед ва оё ба ҷуз шумо ҳамватанонамон таҳсил мекунанд?

- Донишгоҳи ман Chung-Ang University ном дорад ва дар рӯйхати топ-10 донишгоҳи беҳтарини Кореяи Ҷанубӣ мавқеъ дорад. Ин донишгоҳро президенти Корея хатм кардааст. Мутаассифона, ҳоло ба ҷуз ман дигар ягон тоҷик дар ин донишгоҳ таҳсил намекунад, аммо умед дорам, ки солҳои оянда ҳамватанони мо дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд.

- Дарсҳо чӣ гунаанд, чӣ душвориҳо мавҷуд аст?

- Системаи таълим аҷиб, натиҷабахш ва хеле шавқовар аст. Ин ҷо муаллим барои дер омадан, ба дарс ҳозир нашудан, ба дарс тайёр набудан, вазифаҳоро сари вақт насупурдан ва ғайраҳо бо донишҷӯ нофаҳмӣ намекунад, зеро ин корҳо тавре ба роҳ монда шудаанд, ки донишҷӯ масъулияти бузургро ҳис мекунад. Масалан, ба ҷойи журнали ҳозируғоиб ин ҷо назди дар дастгоҳе фаъол аст, ки донишҷӯён корти худро ба он наздик мекунанд ва вақти даромаду баромадашонро ба қайд мегиранд. Ё барои вазифагириву вазифасупорӣ барномаи махсус аст, ки он ҷо ҳамааш қулай аст. Қариб, ки дигар дафтару қалам аз байн рафтааст, балки ҳама корро бо ноутбуку планшет иҷро мекунем. Фикр мекунам, ки чунин равиш масъулияти ҳар донишҷӯро зиёд мекунад, зеро дар ҳолати нокомӣ ба ҷуз худаш касе айбдор нест. Бо ин система наметавон ба касе умед кард, ки дар ҳолати зарурӣ ё мушкилӣ кумак мекунад.

- Дар умум, таҳсили як духтари тоҷик берун аз кишвар чӣ душвориҳо дорад?

-  Дар хориҷа таҳсил кардан барои ҳар кас ҳар хел аст, яъне таҷрибаест, ки одамон, махсусан духтарон бо тарзҳои гуногун онро мегиранд. Албатта, баъзан мушкилиҳои хурд пайдо мешаванд, вале кӯшиш мекунам, ки зуд роҳи ҳалро пайдо намоям. Дар умум, аз зиндагиву таҳсил дар Корея қаноатмандам ва шукр, ки ҳоло ҳамааш хуб аст.

- Волидон барои таҳсилатон дар хориҷа монеъ нашуданд?

- Ҳанӯз аз замони мактабӣ ба падару модарам мегуфтам, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунам. Шукр, мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардам, яке аз донишгоҳҳои номдори кишварамонро бо дипломи аъло ба итмом расондам ва онҳо ин ҳамаро дида, ба ман эътимоди зиёд карданд. Аммо меҳри падариву модарӣ ҳамеша боло мешавад ва чанд маротиба падарам гуфтанд, ки бо маълумоти бакалавриат дар ватан кор кун ва хориҷа нарав, вале аз орзуҳои чандинсола ва имконоте, ки боз ҳам барои ояндаи дурахшонтар сохтан мусоидат мекарданд, гузаштан намехостам. Чун кӯшишҳои маро диданд, дигар ба худашон иҷозаи садди роҳ шудан надоданд. Ҳамин тавр, бо розигӣ ва дуои онҳо ман омадам.

- Шумо забони англисиро хеле хуб медонед, бигӯед, ки дар чанд муддат ин забонро омӯхтед ва умуман забономӯзӣ чӣ душворӣ дорад?

- Омӯзиши забони англисиро ман хеле дер оғоз кардам, яъне вақте ки дар синфи 11 мехондам. Ин забонро, ки бароям шавқовар буд ва медонистам, ки аз худ карданаш ба ман имкони зиёд медиҳад, дар муддати ду сол омӯхтам. Дар мавриди забономӯзӣ ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳар забон хусусият ва душвориҳои худро дорад. Баръакси забони англисӣ, барои ман омӯзиши забони кореягӣ душвор буда, ҳоло ҳам грамматика ин забон бароям душворфаҳм аст. Аммо кӯшиш мекунам, зеро ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад.

- Масъалаи хобгоҳ чӣ гуна аст: моҳона чанд доллар аст ва шароит чӣ хел аст?

- Маблағи моҳонаи хобгоҳ 250 доллари амрикоист, ки аз идрорпулӣ пардохт мекунам. Шароити хуб дорад, аз ҷумла оби гарм, фарши гарм, рехти хоб, ҷевонҳо, барои ҳар утоқ ҳаммом ва ҳоҷатхона алоҳида ва ғайраҳо.

- Шумо соли гузашта ба Кореяи Ҷанубӣ рафтед ва як сол аз курси забономӯзӣ гузаштеду имсол расман магистрант шудед. Бигӯед, ки чӣ тағйир ёфт?

- Ҳама чиз. Соли аввал нисбатан осон сипарӣ шуд, аммо дарсҳои магистратура хеле душвору ҷиддиянд. Чун ин ҷо акнун омӯзишу таҳқиқу ба қавле кор дар майдони илм аст, муносибат фарқкунанда гардид.

- Ҳамкурсонатон аз куҷоҳоянд ва дар бораи тоҷику Тоҷикистон чӣ медонанд?

- Гурӯҳи мо байналмилалӣ аст ва донишҷӯён аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо, Чин ва ғайра ҳастанд. Мутаассифона, аксар дар бораи Тоҷикистон намедонанд ва ман кӯшиш мекунам, ки то қадри имкон дар гурӯҳ, дар хобгоҳ ва ҳатто дар сатҳи донишгоҳ Ватани азизамро муаррифӣ намоям.

- Дар бораи нақшаҳои ояндаатон чӣ гуфта метавонед?

- Нақша дорам, ки пас аз хатми донишгоҳ муддате ҳамин ҷо дар яке аз ширкатҳои бузург ба мисли Samsung, Amorepacific, Hybe ҳамчун маркетолог ва ё менеҷери тиҷорат ба кор дароям, тачриба гирам ва баъдан малакаҳои бадастовардаи худро дар заминаи муносибатҳои байналмилалӣ ва тиҷорат ба ҳам як карда, саҳми худро дар рушду беҳтаргардонии робитаҳои иқтисодию тиҷории кишварамон бо Корея гузорам ва ҳамчун як сохибкорзани муваффақ кишвари худро боз ҳам дар сатҳи васеътар муаррифӣ намоям.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.