Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бишкек тасмим дорад, суръати бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро бештар кунад
Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро бо суръати бештар ба роҳ монад.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон айни ҳол корҳои асосӣ, аз ҷумла гузарондани нақбҳову бунёди инфрасохтор оғоз шудааст.
Вазири захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Қирғизистон Бакит Торобоев рӯзи 25-уми сентябр бо ҳайати Корпоратсияи давлатии роҳи оҳани Чин мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо, ҷонибҳо масъалаҳои ҳаҷми интиқоли бор дар оянда, таъсиси Академияи омода кардани мутахассисони роҳи оҳан, ҳамчунин, имкони таъсиси минтақаҳои иқтисодӣ дар Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Қирғизистон дар ҷараёни мулоқот пешниҳод кард, ки сатҳи шуғли шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҷараёни амалӣ сохтани лоиҳа бештар карда шавад ва саҳми таъминкунандагони маҳаллии молу хизматрасонӣ низ густариш дода шавад.
Бар асоси иттилои ҳукумат ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки ҳалли ин масъала дар марҳилаи кунунӣ ба роҳ монда шавад.
Ин лоиҳа яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад, ки имконияти пайваст кардани Чин ва Осиёи Марказиро бо шабакаи байналмилалии нақлиёт фароҳам меорад ва дар рушди иқтисодии кишварҳои ширкаткунанда нақши калидӣ хоҳад дошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”