27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
27.09.2025 11:54

Ҷавод Зариф: “Барномаи атомии Эрон фақат қудрат ва амният нест, балки “иззат ва ифтихори миллӣ аст”

Муҳаммад Ҷавод Зариф, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар изҳороти тозаи худ гуфт, ки Барномаи атомии Эрон фақат қудрат ва амнияти низомӣ нест, балки ҷанбаи асосии он “иззат ва ифтихори миллӣ” мебошад.

Вазири собиқи корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни суханронии онлайнӣ дар “Анҷумани назорати силоҳ”  бо ишора ба зарфиятҳои атомии Эрон гуфт, ки ҷаҳон аксаран фаъолияти атомии Эронро бо айни таҳдид  ва “гурез аз масъулият” мебинад, аммо воқеият ин аст, ки миллати Эрон ин барномаро ба ҳайси рамзи истиқлол, муқовимат ва ҳувияти миллӣ  арзёбӣ мекунад.

Собиқ Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба собиқаи чанд даҳсолаи таҳримҳо, ҳамлаҳои киберӣ, қатли олимони атомӣ ва ҳатто зарбаҳои низомӣ таъкид кард, ки ҳама ин фишорҳо фақат Эронро аз роҳ боз надоштанд, балки иродаи онро қавитар карданд.

“Эрон агар мехост силоҳи атомӣ созад, кайҳо онро месохт. Аммо мо бо вуҷуди пардохтани қиммати сангин, аз чунин роҳ канорагирӣ кардаем, зеро мақсад сохтани бомба нест, балки ҳифзи иззат ва истиқлол аст” – таъкид кард ӯ.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, гуфт, иштибоҳи асосии сиёсатҳои Аврупо дар се даҳсолаи ахир он аст, ки масъалаи атомии Эронро фақат аз чорчӯби “пешгирии паҳншавӣ” ва “таҳдид” дидаанд, ин дар ҳолест, ки аз нигоҳи Теҳрон, масъала қабл аз ҳама бо “шаъну шараф ва ифтихори миллӣ” бастагӣ дорад.

Вазири корҳои хориҷии собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҷрибаи созиши Барномаи иқдоми ҷомеаи муштарак ишора карда гуфт, ки ин созиш фақат замоне имконпазир гардид, ки кишварҳои абарқудрат нисбат ба Эрон ҳамчун як ҷониби баробар муносибат карданд.

“Мо фақат вақте маҳдудиятҳои бесобиқаи назоратиро пазируфтем, ки эҳтироми мутақобил ва баробар ба расмият шинохта шуд” – гуфт Муҳаммадҷаводи Зариф.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамлаҳои такрории Исроил ва сиёсати “фишори максималӣ” на фақат Эронро боз надоштанд, балки боиси он шуданд, ки ҷомеаи Эрон дар атрофи рамзи истиқлол муттаҳид шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.