Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия дар ҳаҷми 25 миллиард доллар дар Эрон 4 неругоҳ месозад
Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳаҷми 25 миллиард доллар 4 неругоҳи насли сеюм бунёд хоҳад кард.
Намояндагони зерсохтори ширкатҳои Созмони энергияи атомии Эрон ва Созмони “Русатом” барои иҷрои лоиҳаи бунёди 4 неругоҳи насли сеюми атомӣ дар минтақаи Сирики вилояти Ҳурмузгони Эрон созишнома ба имзо расонданд.
Маросими имзои созишнома рӯзи ҷумъа дар ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар намоишгоҳи Атом-Экспо-2025 доир гардид. Бар асоси ин лоиҳа ҳар яке аз ин 4 неругоҳ қудрати истеҳсоли 1255 мегаватт барқ дошта, дар маҷмуъ, беш аз 520 мегаватт барқи электронӣ истеҳсол хоҳанд кард.
Созишномаро намояндагони ширкати “Эрон Ҳурмузд” аз ҷониби Эрон ва намояндагони ширкати REP, зерсохтори ширкати “Русатом” ҷониби Федератсияи Русия дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия имзо карданд.
Сарчашмаҳо мегӯянд, ки ин мега-лоиҳаҳо дар ҳудуди 500 гектар замин, дар минтақаи кӯҳистонӣ, дар ҷануб ва шарқи Эрон амалӣ хоҳад гашт. Татқиқоти муҳандисӣ, экологӣ ва бахше аз корҳои омодасозии сохтмон низ анҷом ёфтааст.
Дар маросим таъкид шуд, ки созишнома дар доираи таҳкими ҳамкориҳои муштараки миёни Эрон ва Русия дар истифодаи осоиштаи неруи атомӣ имзо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 2-уми сентябри соли 2025, раиси Созмони энергияи атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Исломӣ ва директори кулли “Русатом” Алексей Лихачёв низ санади ҳамкорӣ оид ба бунёди неругоҳҳои хурди атомӣ дар Эронро ба имзо расонда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”