Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нилколя Саркозӣ барои гирифтани риша аз Қаззофӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
Николя Саркозӣ, Президенти собиқи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи қазияи судии “Либия” барои гирифтани маблағи ғайриқонунӣ аз режими Муаммар Қаззофӣ барои маъракаи интихоботии соли 2007 гунаҳкор дониста шуд.
Суд Николя Саркозии 70-соларо ба 5 соли зиндон, бо таъхири иҷрои ҷазо маҳкум кард. Ин маънои онро дорад, ки Николя Саркозӣ дар зали суд боздошт нашуд, вале ӯ бояд дар давои як моҳ ба прокуратура ҳозир шавад ва аз он рӯз оғози адои ҷазо мушаххас гардад. Ҳамчунин, суд ӯро ба пардохти ҷаримаи 100 ҳазор евро муваззаф кард.
Николя Саркозӣ фақат ба як модда ганаҳкор дониста шуд. Се моддаи дигари айбнома, аз ҷумла маблағгузории ғайриқонунӣ ва фасод, бекор карда шуданд. Суд таъкид кард, ки рафтори сиёсатамдор метавонад “эътимоди шаҳрвандон ба намояндагони мақомотро зери суол гузорад”.
Тафтишот иддао дорад, ки ситоди интихоботии Николя Саркозӣ тахминан 50 миллион евро аз Муаммар Қаззофӣ гирифтааст, ки тибқи қонун маблағгузорӣ дар интихобот аз хориҷа ғайриқонунӣ аст. Бар ивази он Порис бояд дар арсаи байналмилалӣ тарғиби барқарорсозии имиҷи роҳбари Либияро пеш мебурд.
Николя Саркозӣ айбҳои эълонкардаи судро беасос дониста, гуфт, ки он дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Ӯ таъкид кард, ки аз болои ҳукми суд ба зинаҳои болоии суд муроҷиат хоҳад кард.
Ин сеюмин парванда бар зидди президенти собиқи Фаронса мебошад, ки аз соли 2007 то 2012 роҳбарии Фаронсаро бар уҳда дошт. Қаблан ӯ дар парвандаҳои фасод ва тиҷорат муттаҳам дониста мешуд. Ӯ ҳамчунин, барои нақзи муқаррароти қоидаҳои маблағгузории интихоботӣ ҷазои шартӣ гирифта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”