Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
15 шабонарӯз ҳабс ва 5 сол маҳрумӣ аз ронандагӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар дод, ки дар ҳолати мастӣ ба идораи воситаи нақлиёт машғул шуда, садама кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Эшпулатов Баҳодур, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи "AION", рақамҳои қайди давлатиаш 6226ТТ10, зимни ҳаракат дар кӯчаи Гипрозем ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба воситаи нақлиёти тамғаи "Чанху" бархурдааст. Дар натиҷа, ҳар ду воситаи нақлиёт осеби техникӣ дидаанд.
Гуфта мешавад, ки ташхиси тиббӣ муайян кардааст, ки Эшпулатов Баҳодур дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Манбаъ меафзояд, ки нисбат ба номбурда бо моддаи 332 ва 333 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъин гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”