Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Амалиёти “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер”. Нисбат ба 1310 кас санади маъмурӣ тартиб дода шуд
АМИТ “Ховар” бо такя ба маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар доираи амалиёти шартии “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер” нисбат ба 1250 нафар барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ ва нисбат ба 60 ронандаи дучарха ва скутер бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дучарха ва скутерҳои ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардаанд, дар ҷаримагоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Гуфта мешавад, ки соли равон дар кишвар аз ҷониби ронандагони мототсикл ва скутерҳо 140 ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 51 нафар ба ҳалокат расида, 122 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки аз 15-ум то 25-уми сентябри соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии “Тасмаи бехатарӣ” ва “Скутер” гузаронида шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”