Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори Русия ба НАТО: Агар ҳавопаймоҳои Русияро сарнагун кунед, ҷанг бо НАТО оғоз мешавад
Сафири Федератсияи Русия дар Фаронса гуфт, ки агар НАТО ҳавопаймоҳои русиро, ки гӯё ҳудуди ҳавоии кишваршҳои узви паймонро нақз кардаанд, сарнагун кунад, эҳтимоли оғози ҷанг вуҷуд дорад.
“Баъзе ҳавопаймоҳо, шояд тасодуфӣ ва ё ба қасд, вориди фазои ҳавоии кишварҳои дигар шудаанд, аммо касе онҳоро сарнагун накард. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, ҷанг дар мегирад” – таъкид кард Алексей Мешков.
Сафири Федератсияи Русия афзуд, ки то имрӯз Аврупо “ҳич далели воқеӣ” дар хусуси даст доштани Федератсияи Русия дар ҳодисаҳои вобаста ба ҳавопаймоҳои бесарнишин дар қаламрави Аврупо пешниҳод накардааст.
“Мо бо касе бозӣ намекунем, аммо Ғарб борҳо моро фиреб дод” – таъкид намуд сафири Федератсияи Русия.
Вокуниши сафири Русия дар ҳолест, ки дар ин ҳафта Полша, Руминия ва Эстония иддао карданд, ки дрону ҳавопаймоҳои ҷангии русӣ вориди фазои ҳавоии ин кишварҳо шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, Президенти Амрико дар хусуси суоли ин ки оё дар сурати нақзи фазои ҳавоӣ ҳавопаймоҳои русӣ бояд сарнагун карда шаванд, гуфт, ки “ин масъала ба шароит” вобаста хоҳад буд.
Аз сӯи дигар Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ин гузоришҳоро беасос хонда, рад кард. Ӯ гуфт: “ҳавопаймоҳои низомии мо аз меъёри қоидаҳои парвоз пайравӣ мекунанд ва сахт бо онҳо пойбанд мебошанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”