Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
1,44 миллион нафар тоҷикистонӣ Ӯзбекистонро боздид кардаанд
Расонаҳои ӯзбекистонӣ бо такя ба Агентии омори ин кишвар навиштанд, ки имсол аз ҳама зиёд сайёҳон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Аз ҷумла, 1, 44 млн ё тақрибан якуним миллион нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба саёҳат рафтаанд.
Агентии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ дод, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 6, 3 миллион сайёҳи хориҷӣ бо ҳадафи сайёҳат ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта тақрибан 49 фоиз бештар аст. Бар асоси рӯйхати омори Агентии омори Ӯзбекистон дар феҳристи кишварҳое, ки шумораи саёҳаткунандагонашон ба Ӯзбекистон аз ҳама зиёд аст, Қирғизистон қарор дорад.
Қирғизистон - 1, 84 млн (соли 2024 -1, 2млн);
Қазоқистон - 1, 46 млн (845, 8 ҳазор);
Тоҷикистон - 1, 44 млн (1, 2 млн);
Русия - 536, 8 ҳазор (442, 1 ҳазор);
Афғонистон – 267, 5 ҳазор (2, 9 ҳазор);
Туркманистон - 208, 8 ҳазор (83, 7 ҳазор);
Чин – 103, 1 ҳазор (35, 5 ҳазор);
Туркия – 96, 5 ҳазор (62 ҳазор);
Ҳиндустон – 38 (33, 3 ҳазор);
Кореяи Ҷанубӣ - 25 ҳазор (23, 9 ҳазор);
Дигар кишварҳо – 289 ҳазор (231 ҳазор).
Дар маҷмуъ, 82,5 % сайёҳон шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя будаанд, ки беш аз 5,2 миллионро ташкил медиҳанд.
Афзоиши бесобиқаи сайёҳон аз Афғонистон, Чин ва Туркманистон мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, шумори афғонҳое, ки аз Ӯзбекистон боздид кардаанд, дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан 93 маротиба афзуд. Таҳлилгарон афзоиши шумораи муҳоҷирони афғонро ба боз шудани маркази логистикӣ дар Тирмиз рабт медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”