Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Президенти Эрон: “Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон хиёнати бузург ба дипломатия ва сулҳ буд”
Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба шаҳрҳову зерсохторҳои Эронро “хиёнати бузург ба дипломатия ва талошҳо барои сулҳ” номид.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки Эрон дар роҳи гуфтушунидҳои дипломатӣ қарор дошт. Масъуд Пизишкиён таъкид кард, ки зарбаҳои ҳавоӣ на фақат боиси шаҳодати шаҳрвандон, кӯдакон, занон ва нухбагони илмии кишвар шудаанд, балки ба эътимоди байналмилалӣ низ осеби ҷиддӣ расондаанд.
Президент ҳамчунин, Ғарбро ба “нобудсозии Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак, ки худ онро дастоварди бузурги дипломатияи бисёрҷониба мехонд” муттаҳам кард ва афзуд: “Эрон ҳич гоҳ ба дунболи сохтани силоҳи атомӣ набуд ва нахоҳад буд. Мо ба таври интиқодӣ ва сиёсӣ мухолифи силоҳи қатли омм ҳастем”.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба вазъияти фаластиниён гуфт, ки сиёсатҳои Исроил ва ҳампаймононаш дар минтақа ба “қатли дастаҷамъӣ ва гуруснагии иҷборӣ” боис шудааст. Ӯ “нақшаи Исроили бузург” –ро таҳдиде ба тамоми кишварҳои минтақа номид.
Президенти Эрон таъкид намуд, ҳамбастагӣ бо кишварҳое, ки дар баробари ин “таҷовуз” аз Эрон ҳимоят кардаанд, изҳори сипос намуд ва аз Созмони Милал даъват кард, ки бо меъёрҳои дугона ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ мубориза барад.
Масъуд Пизишкиён таъкид кард, ки “Амнияти воқеӣ аз роҳи зӯр ба даст намеояд, балки ба воситаи ҳамкории дастаҷамъӣ ва эҳтироми ҳуқуқи кишварҳо таъмин мегардад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”