Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сабринаи Назрӣ: “Бархеҳо мехоҳанд оиладор шаванду пасон ҷудо шуда, “озодона” зиндагӣ кунанд”
Сабринаи Назрӣ, ровӣ ва блогери маъруфи тоҷик ҳамроҳи шавҳараш Абдулло Шарипов дар барномаи интернетии “Имшаб” дар мавриди пойдории оила, якдигарфаҳмӣ ва пошхӯрии оилаҳо ибрози назар карданд.
Блогери тоҷик дар мавриди бархе мушкилиҳову камбудиҳо дар оила чунин мегӯяд: “Соли аввали зиндагӣ дар оила бархе мушкилиҳо буданд. Чун ман пеш аз оиладорӣ мустақил будам ва пас аз тӯй ҳам мехостам чунин бошам, вале бо насиҳату роҳнамоии волидон аз ҳама фикрҳои нолозим даст кашидам. Яъне, масъулияти оиладорӣ ва бо касе будану зиндагиро якҷо пеш бурданро маҳз пас аз оиладорӣ ва зиндагии якҷоя дарк кардан мумкин аст”.
Абдулло Шарипов, шавҳари Сабринаи Назрӣ дар навбати худ пойдории оиларо дар якдигарфаҳмӣ ва чашм пӯшидан ба баъзе камбудиҳо медонад. Аз ҷумла ӯ чунин мегӯяд: “Мо дар 20-22-солагӣ оиладор нашудем, балки дар синну соле тӯй кардем, ки қадри одаму оламро, муҳимтар аз ҳама қадри ҳамдигарро дарк мекардем. Албатта, ҳеҷ зиндагӣ бидуни камбудӣ нест, яъне баъзан нофаҳмиҳо миёнамон бо сабаби рашк пайдо мешуданд, вале мо сабурӣ кардем. Мақсади ман аз оиладоршавӣ барои муҳтале набуд, балки бо як зан то охирин нафас зиндагӣ кардан буд. Ба ҳамин хотир, шукр, ҳоло зиндагии мо хуб аст ва ҳеҷ мушкиле надорем”.
Ҳамчунин, дар бобати пошхӯрии оилаҳо Сабринаи Назрӣ фикри ҷолибе баён мекунад: “Мутаассифона, ҳоло бархе духтарони мо нозук шудаанд, фикри зиндагиро намекунанд ё аз ҳад ҷавонанду ба зиндагии муштарак омода нестанд. Ба нафси касе расиданӣ нестам, аммо бархеҳо мехоҳанд, ки як бор оиладор шаванду пасон ҷудо шуда, “озодона” зиндагӣ кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”