Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мирзиёев: "Давраи марзҳои баста ва баҳсҳои ҳалнашуда дар Осиёи Марказӣ пушти сар шуд"
Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷараёни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави ҳамкории созанда ворид шудааст.
Ӯ ёдовар шуд, ки ҳанӯз ҳашт сол қабл аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Ӯзбекистон ва ҳамоягонаш иродаи худро барои табдил додани Осиёи Марказӣ ба фазои сулҳ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ эълон намуда буданд.
"Имрӯз бо қаноатмандии амиқ метавон гуфт, ки ин ҳадафи стратегӣ амалӣ гардид. Давраи марзҳои баста, баҳсҳои ҳалнашуда ва низоъҳо пушти сар шуд” – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои охир ҳаҷми савдои дуҷониба, ҷалби сармоя ва интиқоли бор дар минтақа панҷ маротиба афзуд: "Ҳамзамон, фондҳои сармоягузории муштарак, минтақаҳои савдову саноати марзӣ таъсис ёфта, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ татбиқ мешаванд" - гуфт ӯ.
Шавкат Мирзиёев хамчунин, таъкид кард, ки мулоқоти машваратии роҳбарони Осиёи Марказӣ ба як механизми муассири тақвияти ҳамгироии минтақавӣ табдил шудааст.
"Бо итминон метавон гуфт, ки раванди ташаккули Осиёи Марказии нав оғоз шудааст. Минтақаи мо ба шарофати ваҳдат, субот ва ҳувияти худ мавқеи мустаҳкамтарро дар низоми муносибатҳои байналмилаӣ касб мекунад” – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”