Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Зеленский: "Толибон Афғонистонро ба қаъри торикӣ фурӯ бурдаанд"
Президенти Украина Владимир Зеленский дар рӯзи дуюми иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар робита ба вазъияти имрӯзи Афғонистон изҳори назар карда, гуфт, ки гурӯҳи Толибон ҳама кишварро ба “торикӣ” фурӯ бурдаанд.
Президенти Украина дар ҷараёни суханронии худ ба идомаи ҷанг дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ишора карда, афзуд, ки “бе силоҳ сулҳ таъмин намешавад”.
Президенти Украина бо ишора ба чунин вазъият гуфт, ки гаравгонҳои Исроил то ҳол раҳо нашудаанд ва “солҳо боз барои таҳдидҳои дигар, аз ҷумла аслиҳаи химиявӣ посухе дода нашудааст ва ҳамлаҳои Русия идома доранд. Вазъият дар Ғазза низ ҳич роҳи ҳалли рӯшан надорад”.
Президенти Украина гуфт, ки ҷангҳо боиси кушта шудани ҳазорон кӯдак шудаанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба ҳамлаҳои Русия ба Украина хотима дода шавад. Ӯ Владимир Путинро “хоин” номид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад