Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Сироҷиддин Муҳриддин: “Об унсури калидӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии муосир аст”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳамоиши хосаи сатҳи баланд таҳти унвони “Ташаккули ояндаи захираҳои об”, ки дар чорчӯби иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид, ширкат намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки об унсури калидӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии муосир мебошад, аз ҷумла дар масъалаи амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор. Вазир зикр кард, ки об, энергия ва маҳсулоти ғизоӣ бо ҳамдигар сахт дар иртиботанд ва маҳз равиши ҳамгироӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷуда ба имкониятҳо барои рушди устувор табдил ёбанд.
“Об бузургтарин ганҷи ҳаёт аст. Идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об асоси рушди ҷомеаҳо, таҳкими иқтисод ва ҳифзи экосистемаҳо дар саросари ҷаҳон мебошад” – гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ӯ, ҳамчунин, бар устувории Тоҷикистон ба сохтани иқтисоди “сабз” ишора карда, афзуд, ки беш аз 98% неруи барқи Тоҷикистон аз сарчашмаҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи оқилонаи об нақши стратегии худро дар рушди устувори кишвар ва тамоми минтақа мебозад.
Вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон омода аст бо шарикони байналмилалӣ ҳамкориро густариш диҳад, то механизмҳои муассири идоракунии захираҳои об ҷорӣ гардад ва амнияти обии ҷаҳонӣ таҳким ёбад.
Ҳамоиш намояндагони сатҳи баланди кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалиро гирди ҳам овард, ки ба баррасии стратегияҳо ва ташаббусҳо барои истифодаи устувори захираҳои об дар шароити буҳрони иқлимӣ ва экологӣ бахшида шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”