27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
24.09.2025 14:20

Макрон аз ваъдаи дидор бо Пизишкиён то барасмиятшиносии Фаластин

Эммануэл Макрон, Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар ҷараёни суханронии худ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки рӯзи чоршанбе бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот хоҳад кард, то масъалаи “снеп-бек” (бозгашти таҳримҳо)-ро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ӯ таъкид кард, ки соатҳои оянда барои нақши Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар масъалаи Эрон сарнавиштсоз хоҳанд буд.

“Эрон фақат масъули нақзи уҳдадориҳои худ аст, вале қарор аст, дарҳоро ба рӯи Агентӣ боз кунад” – таъкид кард Эммануэл Макрон.

Ӯ бо ишора ба Барномаи сулҳомези атомии Эрон, ки ҳамеша зери фишорҳои сиёсӣ ва иттиҳомоти беасоси Ғарб қарор дошт, гуфт: “Қадамҳои оянда бисёр муҳиманд: ё Эрон амал мекунад ва ба роҳи сулҳ ва посухгӯӣ бармегардад ё бояд механизми снеп-бек фаъол шавад”.

“Сулҳ дар минтақа фақат дар сурате мумкин аст, ки Барномаи атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора пурра зери назорат қарор гирад”- гуфт Эммануэл Макрон.

Президенти Фаронса ҳамчунин, бо ишора ба иқдоми кишварҳо дар хусуси ба расмият шинохтани кишвари Фаластин аз ҳама кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои барқарории сулҳ дар сарзаминҳои ишғолшуда аз ин иқдом пайравӣ кунанд.

“Мо омодаем роҳи сулҳи фаврӣ, озодии гаравгонҳо, барқарории оташбас ва устуворсозии вазъ дар Ғаззаро ҳамвор кунем; ғайринизомсозии минтақа ба воситаи барҳам задани Ҳамос ва шинохти мутақобили Исроил ва Фаластин зарур мебошад.

Ин сулҳ ба маънии таъсиси кишвари Фаластин бо мақоми ғайринизомӣ хоҳад буд, ки Исроилро ба расмият мешиносад ва баръакс, Исроил низ давлати Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт” – таъкид намуд Эммануэл Макрон.

Ӯ ба Исроил ҳушдор дод, ки агар дар пайи ҷанги абадӣ бо ҳамсоягони худ бошад, барои он на аҳамияте хоҳанд монд ва на субот.

Президенти Фаронса ҳамчунин, даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ (ICC)  ва Додгоҳи байналмилалии адлия (ICJ) ҳимоят кунад: “Биёед муборизаи додгоҳи байналмилалии ҷиноятиро бар зидди масуният аз ҷазо пуштибонӣ кунем ва иҷоза диҳем, ки ҳукмҳои додгоҳи байналмилалии адлия иҷро шаванд, зеро нуфуз ва қувваи қонун беҳтарин имкони мо барои пешгирӣ аз боло гирифтани мантиқест, ки “ҳақ бо майдони қавӣ” аст.

Ӯ бо ишора ба таҳаввулоти фарогири ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки кӯшишҳои муштараки кишварҳо барои мубориза бо буҳронҳои экологӣ коҳиш ёфтааанд ва таъкид намуд, ки “тағйирёбии иқлим дигар таҳти назорат нест ва гуногунрангии биологӣ дар ҳоли суқут қарор дорад”.

“Талошҳое, ки аксари мо барои муқобила бо буҳронҳои экологӣ омодаем анҷом диҳем, бо монеа рӯ ба рӯ шудаанд ва ин монеа аз ҷониби онҳоест, ки қудрати тағйир додани вазъро доранд, аммо аз амал худдорӣ мекунанд”- таъкид намуд Эммануэл Макрон.

Президенти Фаронса таъкид намуд, ки зоҳир сохтани ихтилофҳо тартиботи ҷаҳониро халалдор мекунад ва қудрати ҷамъиро барои ҳалли низоъҳои бузурги замон аз миён мебарад ва тавони рӯёрӯӣ бо проблемаҳои ҷаҳониро мегирад.

Эммануэл Макрон бо ишора ба 80 –солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки “вазъияти феълӣ ва нохушии ҷаҳон қобили қабул нест: “Бисёриҳо мепурсанд, ки оё ваъдаҳои Созмони Милал амалӣ шудаанд, бо воқеият мувофиқ ҳастанд ва фоидае ба ҳамроҳ доранд ё на.

Бояд ёдовар шуд, ки низоъҳо дар сатҳҳои байналмилалӣ, миллӣ ва дохилии кишварҳо дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҳоитӣ, Бирма, Украина ва Ҷумҳурии демократии Конго афзоиш ёфтаанд.

“Фаъолияти ҷиноятӣ ва террористӣ зиёд шудаанд ва консепсияҳои Женева қасдан поймол мешаванд”- гуфт Президенти Фаронса.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.