27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
24.09.2025 14:06

Доналд Трамп: “Ҷанги Ғаззаро фавран хотима диҳед”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар ҷараёни суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ҷанг дар Ғазза бояд фавран хотима ёбад.

Ӯ таъкид кард, худ ба музокироти сулҳ ва қатъи оташбас машғул аст ва зарур аст, ки асирони Исроил ба хонаҳояшон баргардонда шаванд.

Доналд Трамп ҳамчунин, дар хусуси 48 асири боқимондаи Исроил дар Ғазза сухан гуфт ва афзуд, ки ҳамаи онҳо бояд озод шаванд - махсусан 20 нафар, ки эҳтимоли зинда буданашон хеле зиёд аст.

Президенти Амрико ба расмият шинохтани Фаластин аз сӯи роҳбарони бархе кишварҳои ғарбиро “ҷоиза барои Ҳамос” номида, таъкид кард, ки чунин иқдомҳо метавонад низои Ғаззаро тулонӣ кунад ва барои терроризм шароит фароҳам орад.

“Гурӯҳҳое дар Созмони Милали Муттаҳид мехоҳанд Фаластинро якҷониба ба расмият шиносанд ва подош диҳанд. Ин подош барои террористони Ҳамос ва ҷиноятҳояшон хоҳад буд”- афзуд Доналд Трамп.

Президенти Амрико дар суханонаш бар хилофи сарони дигар кишварҳо аз амалкарди Исроил интиқод накард ва Ҳамосро муттаҳам намуд, ки “борҳо пешниҳодҳои сулҳро рад кардааст”.

Президенти Амрико дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо сарони кишварҳои арабӣ дар хусуси роҳи ҳалли низои Фаластин гуфтугӯ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.