Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Антониу Гутерриш: “Ҷаҳон дар “давраи ранҷи пайваста” қарор дорад”
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар маросими ифтитоҳи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки ҷаҳон дар “давраи нооромии бепарвоёна ва ранҷи пайвастаи инсонӣ” қарор гирифтааст. Ӯ аз кишварҳо даъват кард, ки ба маориф аҳамияти бештар диҳанд ва дарҳои онро ба рӯи ҳам боз кунанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, роҳбарони кишварҳо бояд ҳамкориро ҷойгузини рӯёрӯӣ кунанд ва қонунро бар қувва бартарӣ диҳанд. Антониу Гутерриш бо ишора ба буҳрони башардӯстонаи Ғазза аз андозаи харобиҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба зарурати иҷрои дастурҳои Додгоҳи байналмилалии адлия ҷиҳати ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ таъкид кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин, зарурати барқарорсозии сулҳ дар ҷангҳои дигар, аз ҷумла дар Украина ва Судонро хотирнишон намуда, афзуд, ки идомаи ин даргириҳо ҷаҳонро бо таҳдидҳои бештар рӯ ба рӯ месозад.
Бо ин суханронӣ Антониу Гутерриш оғози баҳси умумии иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумиро расман эълон намуд. Дар рӯзҳои оянда роҳбарони кишварҳои мухталиф дидгоҳҳои худро дар хусуси буҳронҳои муҳимми ҷааҳонӣ баён хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико оғоз гардид. Тақрибан 150 роҳбари кишварҳои ҷаҳон то 29-уми сентябр дар он суханронӣ хоҳанд кард. Шиори имсолаи маҷмаа “Бо ҳам беҳтар: ҳаштод сол ва бештар барои сулҳ, рушд ва ҳуқуқи инсон” муайян шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”