Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Боздошти марде, ки ҳамсояашро бо мех задааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки дар натиҷаи муноқиша ҳамсояашро бо мех захмдор кардааст.
Дар итттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе омадааст, ки Қурбонов Мирзохон, сокини кӯчаи Р. Набиев муддате бо ҳамсояаш Қодиров Озод нофаҳмӣ дошта, мунтазам муноқиша мекардаанд. Аз ҷумла, 22-юми сентябр якдигарро мавриди латукӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар он муноқиша Қурбонов Мирзохон бо мех ду маротиба ба қафаси синаи Қодиров Озод зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба гумонбаршаванда Қурбонов М, бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад