Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ронанда наҷот ёфт. Самадаи “Дулан” дар роҳи Мастчоҳи Кӯҳӣ – Душанбе
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, соати 00:20 дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, деҳаи Сангистон мавзеи Лангар садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ меафзояд, ки Ғафуров Зафар, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 917АЕ07 ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, аз канори роҳ берун баромада, ба садама дучор гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки наҷотдиҳандагони кумита дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ба воситаи асбобҳои махсуси буранда ронандаро аз дохили автомашина зинда бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.
Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулан” Ғафуров Зафар буда, соли таваллудаш 1980 аст ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”