Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хоманаӣ: “Дар вазъияти кунунӣ гуфтугӯ бо Амрико барои мо суде надорад”
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии телевизионии худ бо ишора ба робитаҳои пуртаниши Эрон бо мақомоти амрикоиву ғарбӣ гуфт, ки дар Ҷанги дувоздаҳрӯза иттиҳоду якпорчагии миллати Эрон душманро ноумед кард ва душман аз ҳамон рӯзҳои аввал дарёфт, ки ба ҳадафу ғаразҳои худ нахоҳад расид.
Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки аз сӯи расонаҳои давлатии Эрон “Имом” номида шуд, дар суханронии телевизионии худ иттиҳоду якдилии пойдори миллати Эронро “мушти пӯлодин ба сари душман” хонд ва бо шарҳи иллати таслим нашудани миллати ғайратманди Эрон дар баробари фишору таҳдидҳои душман ба даст накашидан аз технологияи судовари ғанисозии уран таъкид намуд.
“Гуфтушуниде, ки натиҷаашро Амрико аз аввал таъйин ва дикта кунад, бефоида ва пурзиён аст, зеро душмани зӯргӯро ба таҳмили ҳадафҳои баъдӣ ташна мекунад ва ҳич зарареро аз мо дур намесозад: чунин гуфтушунидро ҳич миллати бошараф ва сиёсадмадори хирадманд намепазирад”- таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Расонаҳои Эрон зикр карданд, ки оғози суханронии Оятуллоҳ Хоманаӣ бо шодбошии моҳи Меҳр, моҳи дарсу дониш ва оғози ҳаракати миллионҳо ҷавону наврас ба сӯи маърифт ва тавоноӣ буд. Ӯ масъулони кишвар, бахусус масъулони вазорати маориф, вазорати илм ва вазорати тандурустиро даъват намуд, ки аз истеъдодҳои фавқулодаи эронӣ ва аз неъматҳои илоҳӣ дуруст истифода кунанд.
Роҳбари Эрон бо ишора ба дастёбии донишомӯзон ба 40 медали рангин, аз ҷумла 11 медали тилло дар мусобиқаҳои ҷаҳонии ду моҳи ахир гуфт: “Донишомӯзони мо бо вуҷуди Ҷанги дувоздаҳрӯза дар риштаи нуҷум қаҳрамони ҷаҳон шуданд ва дар соҳаҳои дигар низ натиҷаҳои шоиста гирифтанд. Ҳамон тавр, ки ҳамин истеъдод боиси пирӯзиҳои ҷавонон дар гӯштин, волейбол ва дигар риштаҳо гардид.
Роҳбари Эрон бо ёдоварии солгарди шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ ӯро сармояи бузурги ҷаҳони ислом ва шиа номида, гуфт, ки мероси боқимонда аз ӯ, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ сарвати гаронбаҳоест, ки набояд аз он ғофил шуд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханронии худ ба се нуқтаи меҳварӣ ишора намуд: аҳамияти иттиҳоду якпорчагии миллат дар Ҷанги дувоздаҳрӯза ва ояндаи кишвар; шарҳи аҳамияти ғанисозии урани фоиданок; таъйини мавқеъҳои устувору хирадмандона дар баробари таҳдидҳои Амрико.
Доир ба масъалаи коркарду истеҳсол ва аҳамияти ғанисозӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба истифодаи мухталифи ғанисозӣ дар кишоварзӣ, саноат, муҳити зист, тандурустӣ ва энергетика таъкид кард, ки истифодаи он барои тавлиди неруи барқ арзонтар ва беосеб ба муҳити зист мебошад.
“Эрон имрӯз дар миёни беш аз 200 кишвари ҷаҳон, яке аз 10 кишвари дорои саноати ғанисозӣ аст ва даҳҳо донишманду садҳо пажӯҳишгар дар ин соҳа фаъолият доранд. Ба таъкиди эшон “душман хаёл мекунад, бо бомбаборон ё таҳдид метавонад ин технологияро аз миён бибарад, аммо миллат бо тамоми қувва муқовимат мекунад”.
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, ки Амрико дирӯз мегуфт ғанисозии сатҳи баланд надошта бошед, имрӯз мегӯяд, умуман набояд ғанисозӣ кунед: “Ин, яъне маҳви дастоварди бузурги миллӣ, ки ҳич миллате онро намепазирад”.
“Имрӯз гуфтушунид бо Амрико ҳич суде барои мо надорад ва ҳатто метавонад зарарҳои бузургу ҷуброннопазир ба бор оварад”- гуфт Оятуллоҳ Хоманаӣ.
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид намуд, ки Амрико мехоҳад гуфтушунид фақат як натиҷа дошта бошад: бастани пурраи фаъолияти атомӣ ва ғанисозии Эрон. Ин маънои қабули дикта ва таҳмил аст. Онҳо ҳатто мегӯянд, Эрон набояд мушакҳои миёнбурд ва кӯтоҳбурд дошта бошад. Яъне, мехоҳанд кишварро комилан холиву дастбаста кунанд.
“Мо 10 сол пеш бо Амрико созиш бастем, аммо на фақат таҳримҳо бардошта нашуд, балки мушкилот бештар гардид. Амрико аз Барҷом хориҷ шуд ва онро пора намуд. Оё бо чунин тараф метавон бо эътимод гуфтушунид кард?” – таъкид кард роҳбари Эрон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”