Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири меҳнати Туркия мулоқот кард
Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ведат Ишикхан, Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия мулоқот намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз сатҳу муҳтавои робитаҳои дуҷониба бо Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки робитаҳои миёни ду кишвар дар асоси арзишҳои умумии тамаддунӣ, таърихиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба зарурати густариш, таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин, рушди шарикии дарозмуддат таъкид шуд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон зарурати доир намудани нишасти аввалини Шурои ҳамкорӣ дар миёни Тоҷикистону Туркияро таъкид карда, онро воситаи муассир барои баррасии масъалаҳои муҳимми ҳамкории гуногунҷанба арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо, дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, саноат, сайёҳӣ, маориф, илм ва фарҳангро баррасӣ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”