27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
24.09.2025 10:32

Ширкати узбекистонӣ аз ширкати Боинг ба маблағи 8 миллиард доллар ҳавопаймо мехарад

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон “Uzbekistan Airways” бо ширкати ҳавопаймосозии “Boeing” қарордод имзо кард ва бар асоси ин қарордод аз ин кишвар 22 ҳавопаймои “Boeing 787-9 Dreamliner” мусофиркашӣ мехарад.

Тибқи иттилоъ, ин қарордод қисми барномаи дарозмуддати модернизатсияи парки ҳавопаймоҳо ва афзоиши иқтидори хатсайрҳои дурпарвози “Uzbekistan Airways” аст. Таҳвили ҳавопаймоҳо дар соли 2031 сурат мегирад.

“Зиёд кардани парки ҳавопаймоҳои бузург ба Uzbekistan Airways имкон медиҳад, ки иқтидори мусофиркашии худро дар самтҳои калидӣ зиёд кунад, устувории ҷадвали парвозҳоро таъмин намояд ва шабакаи хатсайрҳоро рушд диҳад, то Осиёи Марказиро бо Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Шарқи Наздик ва минтақаи Осиёву уқёнуси Ором пайваст кунад”- зикр мешавад дар изҳороти ширкати ӯзбекистонӣ.

Ин лоиҳа ба барномаи миллии рушди соҳаи ҳавонавардии Ӯзбекистон то соли 2030 посухгӯ буда, ҳадафи стратегии он табдил додани шаҳри Тошканд ба маркази асосии байналмилалии транзитӣ дар минтақа мебошад. Ин иқдом ба рушди сайёҳӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Ҳоло ширкати “Uzbekistan Airways” 10 ҳавопаймоҳои Boeing 787 Dreamliner-ро истифода мекунад. Ширкат мегӯяд, супориш додани ҳавопаймоҳои навъи Boeing 787-9 имкон медиҳад, ки ширкат хатсайрҳои тулонимасофаро ба роҳ монад.

Раиси Шурои мудирони Uzbekistan Airways Шуҳрат Худайқулов дар хусуси имзо кардани қарордод гуфт: “Бо имзои қарордоди нав мо мақоми кишварамон ва “Uzbekistan Airways”-ро   ҳамчун пешсафи авиатсияи Осиёи Марказӣ бо ҳам таҳким мебахшем ва ба мусофиронамон иртиботи ҷаҳонии боз васеътарро пешниҳод мекунем.”

Муовини президенти ширкати Boeing  оид ба фурӯш ва маркетинги тиҷоратӣ Брэд Макмаллен гуфт, ки ҳавопаймоҳои нав “Uzbekistan Airways”-ро барои “баромадан ба бозорҳои нав ва ошно кардани шумори бештари сайёҳон бо фарҳанги бойи Ӯзбекистон” кумак хоҳанд кард.

Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Шавкат Мирзиёевро бо имзои ин қарордоди тиҷоратӣ табрик карда, гуфт, ки маблағи умумии шартнома аз 8 миллиард доллар бештар аст. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Президент Шавкат Мирзиёев шахси қавл аст ва мо корҳои муштаракро дар самтҳои дигар идома хоҳем дод”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.