Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тими миллии футзали Тоҷикистон бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунад
Имрӯз, 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе тими миллии футзали Тоҷикистон дар доираи даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026 бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунад.
Оғози бозӣ соати 20:00 бо вақти Тоҷикистон буда, арзиши билет барои ду бозии имрӯз 30 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Бояд гуфт, ки тими миллии футзали Ҷопон дар гурӯҳи “С” пурқуваттарин даста маҳсуб меёбад, зеро қаҳрамони чоркаратаи Осиё мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии футзали Тоҷикистон дар даври якум бо мунтахаби Макао рақобат карда, бо ҳисоби бузурги 10:2 ғалаба кард. Ҳамчунин, дар даври дуюм футзалбозони тоҷик бо тими миллии Камбоҷа вохӯрданд ва бо ҳисоби 7:1 ғолиб омаданд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “С” мунтахабҳои Ҷопону Тоҷикистон бо шаш имтиёзӣ дар ҷой якуму дуюм қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”