27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
24.09.2025 09:36

Вазирони меҳнати Тоҷикистону Туркия самтҳои ҳамкорӣ барои ду соли ояндаро мушаххас карданд

Ведат Ишикан, вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ вохӯриву суҳбат намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи нозироти меҳнат, ҳифзи саломатӣ, бехатарии меҳнат, рақамикунонии хизматрасониҳои шуғли аҳолӣ ва рушди малакаҳои касбиро муайян намуда, лоиҳаи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026-2027 баррасӣ карданд.

“Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ва вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Туркия Ведат Ишикан протоколи дахрдорро ба имзо расониданд, ки Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026-2027 тасдиқ ва самтҳои ҳамкорӣ барои ду соли оянда мушаххас карда шуданд”, - зикр мегардад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Нақшаи амали муштарак барои солҳои 2026-2027 ҳамкориҳо дар самтҳои меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, баланд бардоштани самаранокии назорати меҳнат ва тартиб додани усулҳои муосири назорат, шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва гузаронидани тадқиқоти муқоисавӣ тақвият хоҳанд ёфт.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.