Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ шуд
Дар деҳаҳои Қулписта ва Чинори Ҷамоти деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои мазкур қайд кард, ки бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ аз самараҳои сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, мақсади асосии роҳбари кишвар ва Ҳукумат фароҳам кардани шароити арзандаи таълиму тарбия барои насли наврас ва ҷавонон аст.
Мактаби миёнаи №70 дар деҳаи Қулписта қарор дошта, дорои 11 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона, толори маҷлис, утоқи тиббӣ, ошхона ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад. Муассиса барои 264 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, синфхонаҳо бо мизу курсӣ, компютер ва таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин шудаанд.
Мактаби миёнаи №30 дар деҳаи Чинор бунёдгардида, аз 7 синфхона иборат мебошад. Мактаб барои 84 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, бо инфрасохтори стандартии таълимӣ ва таҷҳизоти зарурӣ маҷаҳҳаз шудааст.
Ҳарду муассиса дорои майдончаҳои варзишӣ аст, ки барои тарбияи ҷисмонии хонандагон ва рушди варзиш дар маҳал шароити мусоид фароҳам мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”