Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Ҳамла ба китобхона, осорхона ва масҷиду калисо ҷинояти ҷангӣ аст”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ дар ҳошияи иҷлоси солонаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид шоми душанбе дар иҷлоси сатҳи баланди Иттиҳоди тамаддунҳои қадимӣ суханронӣ намуда, мавқеи Эрон дар робита ба барқарор кардани сулҳ ва амният дар ҷаҳонро рӯшан сохт.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар ҷараёни суханронӣ бо ишра ба қатли омм ва таҷовузи доимии режими апартеиди Исроил бар зидди мардуми Фаластин дар Ғазза чунин гуфт: “Ин масъала фақат як баҳси сиёсӣ нест, балки ҳамлаи нобудкунанда ба ҳастӣ ва тамаддун аст.
Лабораторияҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо, масоҷид ва калисоҳо, ки ганҷинаҳои шинохти таърихӣ ва фарҳангии Фаластин мебошанд, ба таври сунъӣ хароб кардани онҳо ҷинояти ҷангӣ мебошад, ки баробар ба қатли оммавӣ аст ва бо мақсади нест кардани як миллат ҳамроҳ бо таърих ва ояндаи он сурат мегирад. Қатли одамони мулкӣ, гуруснагӣ додани систематикӣ ба як ҷамъият ва нест намудани пурраи аҳолӣ ҷинояти рӯшан ба ҳама арзишҳо мебошад, ки тамаддунҳои қадими мо онро ҳамеша ҳифз кардаанд: меҳрубонӣ, адолат ва эҳтироми шаъни инсонӣ”.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: “Мо наметавонем дар назди нобудии пурраи як миллат ва арзишҳои тамаддунии он, ки Фаластин ва фаластиниён намояндаи он ҳастанд, хомӯшӣ ихтиёр кунем. Хомӯшии баъзе қудратҳо нисбат ба қатли оммавии фаластиниён ва хароб намудани мероси тамаддунии Фаластин, ба мисли ҳамдастӣ ва саҳмгирӣ дар ҷиноят мебошад.
Ҳамин беэътиноӣ ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар вақти таҷовузи низомии режими Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи июни соли 2025 низ нишон дода шуд. Ин амалҳо нақзи рӯшани Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд. Чунин таҷовузҳо ҳамлаи мустақим ба принсипҳои ҳамзистии осоишта ва эҳтироми якдигар аст, ки ин маҷлис уҳдадор аст, онҳоро ҳифз кунад.
Ин як вазифаи ахлоқист, ки қатли оммавии ҳозира дар Ғазза ва амалҳои таҷовузкорона бар зидди кишвари ман бо рӯшанӣ маҳкум карда шавад. Ин маҷлис, ки бар асоси мероси муштараки ақлии инсонӣ дар тӯли асрҳо бунёд шудааст, бояд талаб кунад: қатъи фаврӣ ва доимии оташбас дар Ғазза, ирсоли мунтазами кумакҳои башардӯстона ба он ҷо ва анҷоми ишғолгарӣ, ки решаи ин давраи бесарҳади хушунат аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”