Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Усмон Дембеле барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2025 шуд
Шоми гузашта дар театри “Шатле”-и Париж маросими ҷоизасупории маҷаллаи “France Football”, ки ҳамасола ҷоизаҳои гуногунро ба беҳтарин футболбозони мавсими гузашта месупорад, доир гардид.
Маҷаллаи фаронсавии “France Football” маъруфтарин ҷоизаи инфиродӣ “Тӯби тиллоӣ”-ро дар соли 2025 ба футболбози фаронсавӣ ва ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ” Усмон Дембеле супурд.
Албатта, пеш аз ин маросим овозаҳои зиёд буданд, вале ҳамоно Усмон Дембеле довталаби асосӣ маҳсуб меёфт ва бе ягон ҳодисаи ғайриодӣ ӯ “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард.
Вале дар овоздиҳии охир рӯйхати топ-10 довталабон тағйир ёфтааст. Маҷаллаи “France Football” рӯйхати зеринро пешниҳод намуд: Усмон Дембеле, Ламин Ямал, Витиня, Моҳамед Салаҳ, Рафиня, Килиан Мбаппе, Коул Палмер, Ашраф Ҳакими, Нуну Мендеш ва Ҷанлуиҷи Доннарумма.
Дар маросими мазкур инчунин, Айтана Бонмати, футболбози бошгоҳи “Барселона” бори сеюм ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро миёни бонувон ба даст овард.
Бояд афзуд, ки яке аз довталабони асосии имсола барои ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ” Ламин Ямал ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷавони нашрияи "France Football"-ро ба даст овард.
Ҳамзамон дастаи "ПСЖ", ки дар мавсими гузашта қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шуд, бошгоҳи сол ва сармураббиаш Луис Энрике сармуррабии сол эътироф гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”