27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
23.09.2025 09:42

Трамп бо роҳбарони кишварҳои арабӣ вазъият дар Ғаззаро баррасӣ мекунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 23-уми сентябр ният дорад дар ҳошияи Ассамблеи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо як гурӯҳ аз роҳбарони кишварҳои арабӣ мулоқот кунад. Дар ин хусус нашрияи “Ахиос” бо такя ба сарчамаҳои дипломатии арабӣ гузориш додааст.

Бар асоси иттилои расмӣ, ба ин нишаст сарони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Миср, Урдун, ҳамчунин, президенти Туркия даъват шудаанд. Гуфта мешавад, ки меҳвари гуфтугӯҳо вазъияти фоҷеабори башардӯстона дар минтақаи Ғазза хоҳад буд.

Сарчашмаҳои арабӣ ба “Ахиос” гуфтаанд, ки роҳбарони кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ дар ин нишаст ният доранд, аз Президенти Амрико даъват кунанд, то ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу фишори ҷиддӣ ворид кунад ва ба қатъи низоъ мусоидат намояд.

Қаблан, иттилоъ дода шуда буд, ки 29-уми сентябр, Доналд Трамп Бенямин Нетаняҳуро дар Кохи сафед ба ҳузур хоҳад пазируфт. Ҳамчунин, қарор аст дар ҳамон рӯз роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сарони кишварҳои Шурои ҳамкории Халиҷи Форс, аз ҷумла роҳбарони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон, Баҳрайн ва Кувайт мулоқоти ҷудогона анҷом диҳад.

Бар асоси иттилои Ахиос мавзуи калидии ин музокирот нигаронии кишварҳои минтақа аз эҳтимоли густариши зарбаҳои ҳавоии Исроил берун аз ҳудуди Ғазза аст. Ба қавли таҳлилгарон ин мулоқотҳо метавонад ба як марҳилаи нави дипломатӣ миёни Амрико ва кишварҳои арабӣ табдил шавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.