Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
“Як камарбанд, як роҳ” ва мусоидати он дар пешбурди ҳамкориҳои энергетикӣ
Технология ва таҷрибаи Чин дар бунёди иншоотҳои энергетикӣ боби нави рушди ҳамкориҳои энергетикиро қад-қади долони ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тавсиф медиҳад. Дар ин бора роҳбарони корпоратсияҳои энергетикии Чин дар Форуми ҳамкории “Як камарбанд, як роҳ”, ки айни ҳол дар шаҳри Кунмини музофоти Юннан ҷараён дорад, хабар доданд.
Директори генералии ширкати “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп” (Energy China) Жен Ни қайд кард, ки таҷрибаи ширкатҳои чинӣ дар якҷоягӣ бо аҳдофи ба нақша нигаронидашуда барои ба сатҳи нави рушд баровардани сохтмони муштараки “Камарбанд ва роҳ” имкон медиҳад. Дар ин самт ширкатҳои чинӣ фаъолона сармоягузорӣ ва бо ширкатҳои минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳамкорӣ мекунанд. Масалан, “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп”, ки аз шаш пажӯҳишгоҳи минтақавӣ ва 15 пажӯҳишгоҳҳои лоиҳавию дизайнерии сатҳи музофотӣ иборат аст, бо зиёда аз 10 кишвар, аз ҷумла Лаос, Муғулистон, Русия ва Ветнам ҳамкориро дар самти банақшагирии рушди соҳаи энергетика мустаҳкамтар мекунад. Тайи панҷ соли охир ширкати “Чайна Энерджи Инжиниринг Групп” шартномаҳоро ба маблағи беш аз 600 миллиард юан ба имзо расонида, барои сохтмони як қатор лоиҳаҳои стандартӣ ва баландсифат дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Сингапур ва кишварҳои Африқо сармоягузорӣ кардааст. Дар Қазоқистон ва Миср лоиҳаи рушди таъмини оби сабз амалӣ гардонида шуда, дар Ӯзбекистон иншоотҳо барои захиракунии нерӯи офтобӣ сохта шуданд.
Тавре Жэн Ни мегӯяд: “Energy China дар оянда омода аст саъю кӯшиши худро ба чунин соҳаҳо, аз қабили коркарди муҳаррикҳои калон ва генераторҳои дарунсӯз, хидматрасонии муҳандисӣ барои сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, рушди манбаъҳои нави энергия ва системаҳои захиракунии энергияи гидрогенӣ, шабакаҳои барқии баландшиддат, лоиҳаҳо оид ба тозакунии оби баҳр ва мубориза бо обҳои ифлос, рушди сохтмони сабз равона кунад. Мо аллакай имрӯз нақшаҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем, инчунин, якҷоя бо ширкатҳои шарик ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ сармоягузориро ба рушди навовариҳо ва коркарди технологияҳои инноватсионӣ зиёд мекунем. Махсусан, дар самти коркарди газ бо иқтидори 300 мегаватт ва бузургтарин лоиҳаи озмоишӣ оид ба истеҳсоли анионҳои сабзи гидрогенӣ корбарӣ карда истодаем. Мо омода ҳастем, ки аввалин лоиҳаи коркарди нерӯи шамолиро дар ҷаҳон тавассути хатҳои интиқоли баландшиддат амалӣ гардонем. Ин бояд як пешрафти технологӣ дар бахши интиқоли устувори нерӯи барқ гардад. Барои бомуваффақият амалӣ гардонидани ин лоиҳа мо ба иштироки кишварҳои ҳамсоя низ манфиатдорем”.
Узви Шурои раёсати Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) Жянпин Лиу дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергияи ҳастаӣ суханронӣ карда, қайд намуд: “Мо умедворем, ки вақте мардум дар бораи ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ҳарф мезананд, на танҳо шутурҳо ва бодбонҳо дар баҳрҳоро пеши назар меоранд, балки дар бораи энергияи тозаи нерӯгоҳҳои атомӣ низ фикр мекунанд”.
Чин имрӯз ният дорад, ки тавассути иқтидори технологии худ эътимод ба даст орад. Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) саъй дорад, ки энергетикаи ҳастаиро пеш барад, ба ҷонибдории тезонидани рушди истеҳсолоти нави баландсифат баромад карда, ба табдилдиҳии глобалии энергетика мусоидат мекунад. Ин ширкат ҳамчун як корпоратсияи пешсафи Чин дорои тамоми занҷирҳои таҳвилоти саноати атомӣ мебошад ва иқтидори инноватсионии он дар илму технологияҳои ҳастаӣ имрӯз яке аз беҳтаринҳо дар тамоми ҷаҳон маҳсуб меёбад.
“Мо гузариш ба консепсияи “Истеҳсоли Чин”-ро пешбарӣ мекунем. Дар тӯли таҷрибаи беш аз 40-солаи сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои атомӣ мо донишҳои беназир андӯхтем.
Имрӯз аввалин блоки энергетикии шакли нав дар ҷаҳон сохта шуда истодааст ва ҳамаи лоиҳаҳое, ки дар Чин ва берун аз он ҷорӣ карда шудаанд, бомуваффақият амал мекунанд. Ин технологияи боэътимод, идорашаванда ва камхарҷ мебошад.
Ба ғайр аз энергияи атомӣ мо саъй дорем технологияҳои насли чоруми ядроиро татбиқ кунем, алалхусус: коркард ва ҷойгиркунии блокҳои хурди энергетикӣ, системаҳои “офтоби сунъӣ” ва дигар технологияҳои ҳастаии идорашаванда. Айни ҳол бо 26 блоки энергетикӣ кор мекунем ва боз 19 энергоблоки дигар дар ҳоли сохтмон аст, илова бар ин бозори гидроэнергетика, энергияи шамолӣ ва дигар самтҳоро азхуд карда истодаем. Иқтидори умумии нерӯгоҳҳои амалкунанда ва сохташаванда беш аз 120 миллион киловаттро ташкил дода, системаи ҳамаҷониба ва пурракунандаи ҳамдигарро ташаккул медиҳад.
Энергетикаи ҳастаӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад, бо вуҷуди ин мо ба энергияи шамолӣ ва офтобӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Мо принсипи муттаҳидшавӣ ва сохтмони муштаракро риоя карда, 14 блоки энергетикии ҳастаӣ, реакторҳои тадқиқотӣ ва таҷҳизотро содир мекунем. Мо принсипи гузариш аз лоиҳаҳои алоҳида ба ҳалли системавӣ ва тақсими фоида бо шарикони худро пеш мебарем.
Занҷир аз сохтмон ва истифодабарӣ иборат аст. Мо на танҳо лоиҳаҳоро дар соҳаи энергетикаи ҳастаӣ амалӣ мегардонем, балки роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаро пешниҳод менамоем, аз ҷумла: омӯзонидани мутахассисон, идоракунӣ ва истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода. Ин гузариш аз пешрафти технологӣ ба муҳити кушод аст.
Хукумати Хитой 12 маркази тадқикотии ҳастаиро ифтитоҳ намуд. Мо бо тамоми шарикони худ табодули захираҳову технологияҳо мекунем, синтез менамоем ва дар саросари ҷаҳон якҷоя навовариҳоро пеш мебарем.
Мо боварӣ дорем, ки энергияи ҳастаӣ ба одамон фоида меорад. Инчунин, дар бахши энергетика хадамоти энергетикии ба аҳолӣ нигаронидашударо таъсис медиҳем ва боварӣ дорем, ки аҳамияти ҳамкории байналмилалии энергетикӣ на танҳо дар мубодилаи технологияҳо, балки дар ҳамдигарфаҳмии халқҳо низ зоҳир меёбад. Рушди устувори ҳақиқӣ бояд натиҷаҳои ҳамкориҳои технологиро ба болоравии некуаҳволии мардум табдил диҳад. Мо технологияи ҳастаиро воқеан барои ҳаёти одамон фоиданок кардем.
Мехостам суханони муҳандисамонро, ки дар лоиҳаи “Карочӣ” дар Покистон кор мекард, ба хотир орам. Ӯ мегуфт, ки нерӯгоҳи атомӣ на танҳо нерӯи барқ истеҳсол мекунад, балки ба мо умед низ мебахшад. Дар Покистон нерӯгоҳҳои барқии атомии мо мушкилоти энергетикиро ба таври назаррас осон карда, асоси тараққиёти ин кишвар гардиданд. Лоиҳаҳои амалишудаи мо оид ба рушди шабакаҳои барқӣ таъминоти асосии энергияро дар тамоми Тимори Шарқӣ кафолат доданд. Мо тибби ҳастаиро дар Индонезия, Ӯзбекистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон пешниҳод кардем ва ин ба боло рафтани сатҳи некӯаҳволии умумии мардум мусоидат кард.
Илова бар ин, мо кони урани Русия ва калонтарин кони урани навъи кушодаро дар Намибия ба даст овардем, ва ба тамоми ҷаҳон амсилаи устувори рушди саноати истихроҷи маъдани кӯҳиро намоиш додем. Президенти Намибия инро ҳамчун амсилаи сиёсии барпо намудани муносибатҳои байни Хитой ва Африқо тавсиф кард.
Мо лоиҳаҳои барои аҳолии маҳаллӣ фоидаоварро дар соҳаҳои экология, маориф, варзиш амалӣ гардонида, бо ин байни Чин ва Африқо робита барқарор мекунем. Ҳазорсолаҳо пеш корвонҳо аз Хитой гулбаргҳои чой ва матоъҳои абрешимӣ мебурданд ва ҳамин тариқ, роҳ мекушоданд. Пас аз ҳазорсолаҳо мо комёбиҳои илми ҳастаиро намоиш дода, манзараи нави энергетикаи ҳастаиро тасвир мекунем” - қайд мекунад Жянпин Лиу.
Фаридун Усмонов
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”


