27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
22.09.2025 17:13

Арзиши “Тӯби тиллоӣ” чанд аст? Имшаб дар Париж маросими ҷоизасупорӣ доир мегардад

Имшаб 69-умин маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” дар театри “Шатле”-и Париж баргузор мегардад.

Ҳарчанд се довталаби асосии “Тӯби тиллоӣ”-и имсола Усман Дембеле, Рафиня ва Ламин Ямал тағйир наёфтаанд, вале дар расонаҳо матлабҳои гуногун доир ба ивазшавии ҷойҳои онҳо ва тағйири номи довталаби асосӣ нашр мешаванд. Яъне то имрӯз довталаби асосӣ ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ” Усман Дембеле гуфта мешуд, вале ҳоло ҳамчун довталаби рақами як аз футболбози испанӣ ва ҳамзамон ҳамлагари дастаи “Барселона” Ламин Ямал ном бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи арзиши эҳтимолии “Тӯби тиллоӣ” сар задаанд. Бинобар иттилои сомонаи Dinamo.kiev “Тӯби тиллоӣ” аз тилло нест. Он ҳафт килограм вазн дошта, тақрибан 3 ҳазор евро арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи довталабони ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2025 инҳо мебошанд: Нуну Мендеш, Ашраф Ҳакими, Жоау Невеш, Фабиан Руис, Витиня, Хвича Кварацхелия, Усман Дембеле, Дезире Дуэ (“ПСЖ”), Алексис Макалистер, Моҳаммед Салаҳ, Вирджил ван Дейк, Флориан Виртс (“Ливерпул”), Педри, Рафиня, Ламин Ямал, Роберт Левандовский (“Барселона”), Ҷуд Беллингем, Килиан Мбаппе, Винисиус Жуниор (“Реал Мадрид”), Виктор Ҷокерес, Деклан Райс (“Арсенал”), Ҳарри Кейн, Майкл Олисе (“Бавария”), Дензел Дюмфрис, Лаутаро Мартинес (“Интер”), Серу Гирасси (“Боруссия”), Ҷанлуиҷи Доннарумма, Эрлинг Холанд (“Манчестер Сити”), Коул Палмер (“Челси”) ва Скотт Мактоминей (“Наполи”).

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.