Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Таъсири як сафари вазир. Камбудиҳо ислоҳ ва директори мактаб аз вазифа озод шуд
Чанд рӯз пеш Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафар ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ёвон камбудиҳои зиёдро дар самти таълим, тарбия, интизоми меҳнат, вазъи моддию техникӣ ва муҳити дохилимуассисавӣ ошкор карда буд.
Дар ин росто, имрӯз, 22-юми сентябр маркази матбуоти вазорат хабар дод, ки дар муассисаи мазкур ҳамаи камбудиҳои дар ҷараёни боздиди вазир ошкоргардида, аз қабили риоя нашудани интизоми дохилӣ, нокифоя будани шароити омӯзишӣ, истифода набурдани таҷҳизоти техникии мавҷудбуда, омезиши синфҳо дар соати дарсӣ, надоштани назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарс ва ҳолати санитариву ободонии муассиса пурра ислоҳ ва ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ гардонида шуданд.
“Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва бемасъулиятии роҳбарияти муассиса дар самти иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, таъмини назорати дохилӣ ва риояи меъёрҳои муқарраршудаи таҳсилот, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Ёвон Мирзозода Мунира, ки аз соли 2014 инҷониб вазифаи мазкурро бар уҳда доштааст, аз вазифаи ишғолнамуда озод карда шуд”, - зикр мекунад манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”