Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Эрон нахустнамоиши сериали “Салмони форсӣ” доир шуд
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими нахустини намоиши сериали таърихии “Салмони форсӣ” доир гардид. Дар ин маросим Паймон Ҷабалӣ, раиси Садо ва симо, Довуд Мирбоқирӣ, коргардон ва ҷамъе аз масъулон ва аҳли ҳунари Эрон ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни барнома се соат аз фасли аввали сериал, ки қисмате аз таърихи Эронро бозгӯ мекунад ва ду соат аз фасли дуюм, ки ба империяи Византия вобаста аст, намоиш дода шуд. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки фасли сеюм бо меҳварияти Ҳиҷоз ба зуддӣ вориди марҳилаи иҷроӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки “Салмони форсӣ” мекӯшад, бо баёни зиндагӣ ва андешаҳои яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи ислом Салмони Форс тасвири шоиста аз фарҳанг, имкон ва ҳувияти эрониву исломиро пешкаш кунад.
Ин сериал қарор аст дар соли 2026 аз тариқи шабакаи нахусти телевизиони давлатии Эрон намоиш дода шавад. Сериали мазкур корнома ва фаъолияти Салмони Форс, яке аз саҳобагони наздики паёмбарро инъикос мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”