27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
22.09.2025 14:05

Трамп гуфт, ки агар Толибон Багромро ба Амрико надиҳанд, ҳодисаи бад рӯй медиҳад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” аз Толибон хост, ки Пойгоҳи ҳавоии Багромро дар ихтиёри Амрико гузоранд. Ӯ ҳушдор дод, ки “агар Афғонистон Пойгоҳи ҳавоии Багромро ба Амрико- кишваре, ки онро сохтааст, бар нагардонад, ҳодисаҳои бад рӯй хоҳад дод.

Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Кир Стармер, Сарвазири Британия эълон кард, ки Амрико барои бозпас гирифтани пойгоҳи Багром талош мекунад. Ӯ гуфт: “Онҳо чизҳое аз мо мехоҳанд, мо ҳам аз онҳо пойгоҳро мехоҳем”.

Пойгоҳи Багром, ки дар соли 2021 бузургтарин пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ба шумор мерафт баъд аз хуруҷи неруҳои ин кишвар ба дасти Толибон афтид.

Доналд Трамп борҳо аз Ҷо Байден, Президенти собиқи Амрико барои хуруҷи пур аз ошӯб ва номуназзами соли 2021 аз Афғонистон интиқод карда, гуфтааст, ки ин иқдом боис  шуд, то силоҳу таҷҳизоти низомии Амрико, аз ҷумла пойгоҳи Багром ба дасти Толибон афтад.

Дар идомаи хостаи бозпасгирии пойгоҳи Багром Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Лондон гуфт: “Яке аз сабабҳое, ки мо мехоҳем он пойгоҳро бозпас гирем, ин аст, ки тавре медонед, он ҳамагӣ як соат дуртар аз ҷое қарор дорад, ки Чин силоҳҳои атомии худро месозад. Бисёр чизҳо дар ҷараён аст, аммо ман воқеан аз он ки ин масъала то ҳол ҳал нашудааст, хеле ноумедам”.

“Мо онро бепул аз даст додем. Ҳоло талош дорем, онро бозпас гирем”- гуфт Доналд Трамп.

Президенти Амрико ҳамчунин, рӯзи ҷумъа гуфт, ки бо Толибон барои гирифтани пойгоҳи Багром дар ҳоли гуфтугӯ аст. Доналд Трмп дар Қасри Сафед ба хабарнигорон гуфт: “Мо ҳаргиз набояд онро вогузор мекардем”.

Рӯзномаи “Wall Street Journal” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ хабар дод, ки ҳукумати Доналд Трамп бо Толибон музокирот дорад, то заминаи бозгашти ҳузури маҳдуди низомии Амрико дар пойгоҳи Багромро фароҳам кунад.

Одам Буҳлер, ки чанде пеш бо Зулмай Халилзод ба Афғонистон сафар намуда буд, масъулияти асосии ин музокиротро бар уҳда дорад.

Зулмай Халилзод гуфтааст, ки имкони истифодаи Пойгоҳи ҳавоии Багром барои амалиёти зиддитеррористии Амрико вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, ӯ расидан ба ин ҳадафро ба ҳалли масъалаи гаравгонҳо дар миёни Амрико ва Толибон вобаста донистааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.