27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
22.09.2025 09:06

Фаррух Ҳасанов аз Тоҷикистон дар озмуни “Интервидение-2025” ҷойи панҷумро гирифт

Дар шаҳри Маскав озмуни ҷаҳонии мусиқии “Интервидение-2025”, ки шаби якшанбе доир гардид, ба анҷом расид. Дар саҳна ҳунармадон аз 23 кишвари ҷаҳон баромад карданд.

Мақоми аввалро ҳайати доварони сатҳи байналмилалӣ ва тамошобинон ба овозхони ветнамӣ Дик Фук доданд.

Тоҷикистонро дар ин озмун Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекард. Ӯ бо таронаи “Гори!” мақоми панҷумро касб намуд ва қариб ҳамаи доварон ба ӯ баҳои баланд доданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки иҷрои пурҳарорату дурахшони Фаррух Ҳасанов нисбатан фарқкунанда буда, тамошобинонро ба ваҷд овард.

“Баромади намояндагони Тоҷикистон яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои марҳилаи ниҳоии озмун буд”- зикр кард масъули Кумитаи ташкилоти озмун.

Тамошобинон дар толори сеҳазорнафара бо самимият баромади Фаррух Ҳасановро истиқбол карданд ва суруди ӯро миллионҳо бинанда аз тариқи телевизион диданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.