Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
350 донишҷӯ рақобат мекунанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” доир мегардад
Бинобар иттилои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, пагоҳ, 23-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад.
Ба навиштаи манбаъ, дар озмуни мазкур аз 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 80 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёда аз 350 донишҷӯ иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” аз ду давр иборат буда, даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва даври дуюм барои ғолибони даври аввал дар Китобхонаи миллӣ мегузарад.
“Талабот ба иштирокдорон ин донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ ва дигар таъинотҳо мебошад”, зикр мекунад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” Китобхонаи миллӣ” мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”