Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муаррифии беш аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, давоми се рӯз зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан карданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ аз кишварҳое ба монанди Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокко иштирок намуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҷараёни Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе меҳмонони намоишгоҳ имкон пайдо карданд, ки бо захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокдор аз наздик шинос шаванд ва ҳамчунин оид ба маҳсулот ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.
Гуфта мешавад, ки ба чанде аз иштирокдорон ва шарикон, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма ва блогерон барои тарғибу ташвиқи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE-2025) аз 18-ум то 20-уми сентябр бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва шарикони рушд баргузор карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”