27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
20.09.2025 14:49

Бозгашти таҳримҳои Шурои амният тафоҳум миёни Эрон ва МАГАТЭ-ро боз медорад

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷаи Эрон мегӯянд, ки дар сурати бозгашти таҳримҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тафоҳумномаи Эрон бо МАГАТЭ боз дошта хоҳад шуд.

Козим Ғарибободӣ, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки агар таҳримҳо дар таърихи 27-уми сентябр боз гарданд, ҳамкориҳо бо МАГАТЭ қатъ хоҳад шуд.

Чанде қабл Сайид Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қоҳираи Миср бо МАГАТЭ дар хусуси аз сар гирифтани ҳамкориҳои дуҷониба созишнома имзо карда буд.

Козим Ғарибободӣ бо ишора ба раъйгирии охирин дар Шурои амният, ки ба тасвиби қатъномаи пешниҳодӣ нарасид, афзуд, ки то як ҳафтаи дигар имкони пешгирӣ аз бозгашти таҳримҳо вуҷуд дорад. Агар иқдоми дипломатӣ рӯй надиҳад ва таҳримҳо баргарданд, боз доштани тафоҳумнома бо агентӣ пурра мантиқӣ ва рӯшан хоҳад буд.

Ғарибободӣ афзуд, ки Вазири умури хориҷии Эрон баъди имзои тафоҳум дар Қоҳира ба рӯшанӣ гуфта буд, ҳар гуна иқдоми душманон бар зидди Эрон, аз ҷумла бозгашти таҳримҳои Шурои амният ё иҷрои “Снэп-бек” ин тафоҳум иҷро нахоҳад шуд.

Ӯ гуфт, ки иқдомҳои баъдии Эрон дар робита ба бозгашти таҳримҳои Шурои амният баъди баррасии вазъият эълон хоҳад шуд. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Эрон бо ҳушёрӣ дар баробари иқдомҳои душманона амал намуда, посух хоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.