27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
20.09.2025 14:39

Ифтихор ва масъулият. Чӣ гуна Ноҳид Зайналпур фарҳанги тоҷикро дар хориҷа муаррифӣ мекунад?

Ноҳид Зайналпур, скрипканавози мумтози тоҷик ба пиру барно ошност. Ҳар оҳангаш дар худ қиссае, розе, ниёзе ва ғаму шодие дорад. Ба маънои том ҳунарманд аст ва тӯли се даҳсола мешавад, ки муаррифгари фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад.

Dialog.tj бо ин бонуи саропо ҳунар доир ба пайраҳаи эҷодиаш суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

СУХАН ВА ПАЁМИ СКРИПКА

- Кай бо скрипка шинос ҳастед ва умуман ин асбобро чӣ гуна омӯхтеду киҳо дар роҳи ҳунар дастгиру роҳнамоятон буданд?

- Шиносоии ман бо асбоби скрипка ҳанӯз дар панҷсолагиам оғоз шуд. Он вақт падару модарам қобилияти мусиқифаҳмии маро дарк намуда, ба мактаби мусиқӣ бурданд. Азбаски дар он синну сол ман мустақилона асбоби мусиқии муайянеро интихоб карда наметавонистам, волидонам дар аввал қарор доданд, ки маро ба синфи фортепиано диҳанд, вале бо тавсияи омӯзгорон ба омӯзиши скрипка пардохтам. Дар ин росто, бояд бигӯям, ки чун падарам зодаи Эрон, кишваре, ки скрипка яке аз созҳои асосии мусиқии миллӣ аст, буданд, орзу доштанд, ки ман скрипканавози касбӣ шавам. Ҳамин тавр, роҳи омӯзиши ман оғоз шуд, роҳе, ки 17 сол идома ёфт. Пас аз хатми мактаб ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бомуваффақият ба анҷом расондам. Ҳанӯз аз курси дуюмӣ дар оркестри Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолиятамро шуруъ намудам.

Имрӯз ман тамоми муваффақиятамро маҳз бо шарофати модарам медонам, зеро он кас, ки худ мусиқиро дар сатҳи олӣ медонанд, солҳои зиёд ба ман ин касбро омӯзонданд. Модарам тамоми ҳастии худро ба ман, ки духтари ягонааш будам, бахшид.

- Охирин мусиқии эҷодкардаатон кадом аст?

- Охирин асари эҷодкардаам барои ҷашни Наврӯзи Маскав-2025 буд. Хушбахтона, ин ҷашни миллии тоҷикон ҳамасола дар шаҳри Маскав дар сатҳи олӣ таҷлил мегардад.

- Шумо чӣ гуна мусиқӣ эҷод мекунед?

- Барои эҷоди оҳанги хуб, пеш аз ҳама илҳом лозим аст, зеро кори эҷодӣ маҷбурӣ намешавад. Ба назари ман, илҳом ё аз хотираҳо пайдо мешавад, ё аз ҳолати рӯҳӣ. Аксар вақт илҳом шабона ба суроғи ман меояд ва шабона кор карданро бисёр дӯст медорам. Хомӯшӣ, оромӣ ва танҳоӣ бо худ.

- Шумо ҳоло чанд скрипка доред?

- Ин саволро ба ман хеле зиёд медиҳанд. Соли 1985, вақте ки дар синфи ҳаштум таҳсил мекардам, падару модарам бо машварати омӯзгорам аз Пётр Павлович Пасевин скрипка харида, ба ман туҳфа намуданд. Инак, расо 40 сол мешавад, ки ин скрипкаи сохтаи Пётр Павлович Пасевин бо ман аст ва тӯли фаъолиятам танҳо ҳамин як скрипка дорам. Ин скрипка бо ман нисфи ҷаҳонро гаштааст.

- Бархеҳо ба фикре ҳастанд, ки скрипка бештар оҳанги ғам дорад, ба ин фикр розӣ ҳастед?

- Не, розӣ шуда наметавонам. Зеро бо гузашти замон скрипка дар ҷаз ва эстрада, инчунин, дар жанрҳои этно ва фолк ҳам истифода мешавад. Скрипка ҳам ғам ва ҳам шодиро ифода карда метавонад. Шахсан ман бисёр оҳангҳои рақсӣ дорам, ки мардум зери навои онҳо мерақсанд.

- Оё ягон оҳанге ҳаст, ки танҳо барои худ менавозед ва ҳеҷ гоҳ онро дар саҳна иҷро намекунед?

- Чунин оҳанг надорам. Ҳар асаре, ки эҷод мекунам, ба гӯши мардум мерасонам. Ҳамаи кори ман барои мардум ва хушҳолии онҳост ва бисёр хурсанд мешавам, ки оҳангҳоям мақбули шунавандагон мегарданд.

- Кадом вақт бештар худро ҳунарманд эҳсос мекунед: ҳангоми тамрин ё вақти баромад кардан дар назди ҳазорҳо одам?

- Албатта, дар саҳна! Ман аз замони мактабӣ саҳнаро дӯст медоштам. Вале он вақт мо танҳо дар имтиҳонҳо баромад мекардем, ки дар пешорӯи аъзои комиссия на он қадар осон буд. Баъдтар, вақте ки дар толорҳои консертӣ ва саҳнаҳои бузург имкони баромад кардан пайдо шуд, бо шавқу завқи зиёд ба назди тамошобинон мебаромадаму мебароям. Як-ду дақиқаи аввал як навъ ҳаяҷон эҳсос мекунӣ, вале пасон ором мешавию худро комилан ба толор ва тамошобинон мебахшӣ.

- Ба фикри шумо мусиқӣ чист ва ба ҷомеа чӣ гуна таъсир расонда метавонад?

- Мусиқӣ неруи бузургест, ки на забон дорад ва на марз. Аммо қодир аст, ки башариятро ба ҳам бипайвандад ва арзишҳои маънавиро ғанӣ созад.

- Дар суҳбате чунин гуфтаед: “Асбоби ман аз номи ман менавозад. Буданд ҳолатҳое, ки ҳамовозӣ мекардам, вале фаъолияти сарояндагиро пеша карданӣ нестам”. Чаро намехоҳед сарояндагӣ кунед?

- Ман ҳеҷ гоҳ ҳадаф нагузошта будам, ки сароянда шавам. Балки ба назаре ҳастам, ки модоме ки тамоми умрро ба як асбоб бахшидам ва ба он содиқ мондам, пас, бояд худро такмил диҳам ва беҳтар дар кори хуб бошам. Скрипка қудрати сухан кардан, паём додан дорад, аммо бидуни калимаҳо. Барои мисол, дар репертуари ман оҳангҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон ҷой доранд, ки барои фаҳмиданашон донистани забоне шарт нест.

- Бо ҳунарманди маъруф Ҳасани Ҳайдар дар доираи дуэти “Форам” аз ҷумлаи беҳтарин дуэтҳо дар эстрадаи тоҷик будед ва тӯли 18 сол кор кардед. Дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?

- Дуэти мо бо Ҳасан Ҳайдар на танҳо ҳамкории эҷодӣ буд, балки дар худ муносибати оилавӣ ҳам дошт. Мо солҳои хубу пур аз лаҳзаҳои  хотирмонро дар канори ҳам гузарондем ва саросари ҷаҳонро бо сафарҳои ҳунарӣ гаштем. Фарзандонро ба воя расондем. Ман аз тақдир сипосгузорам барои он замоне ки хотираҳои нек ва муносибати хуб бар ҷой гузошт. Имрӯз мо бо ҳам нестем, вале ман наворҳои ӯро мебинам, барои комёбиҳояш самимона шод мешавам ва барояш танҳо сиҳатӣ ва умри дароз орзу дорам. Ӯ маҳбуби халқ аст ва сурудҳояшро дар тамоми дунё гӯш мекунанд.

МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК

- Аз Тоҷикистон рафтанатонро чанд сол шуд ва Маскав шуморо чӣ гуна қабул кард?

- Соли 2009 аз дасти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони фахрии Хизмати шоистаро гирифтам, ки барои ман ин як рӯйдоди хеле муҳим буд. Пасон, ҳамон сол тақдир маро ба Русия овард ва ба қавле зиндагии навро оғоз кардам. Албатта, ин роҳу тасмим, ки ҳамаро бояд аз сар оғоз мекардам, осон набуд, аммо ҳеҷ гоҳ таслим нашудам ва танҳо ба пеш қадам мегузоштам.

- Дар як мусоҳибаатон чунин гуфтаед: “Дилам ҳамеша бо Тоҷикистон аст ва дар ҳама озмуну ҷашнвораҳо ватани азизи худро муаррифӣ мекунем”. Бигӯед, ки бори охир кай ба Тоҷикистон омада будед?

- Бори охир соли 2022 ба Ватан рафта як ҳафта монда будам. Ҷойи кор, омӯзгорон ва дӯстонро бисёр пазмон шуда будам ва танҳо ба хотири дидор бо онҳо сафар кардам.  Гарчанде имрӯз аз Ватан дур ҳастам, вале тамоми коре, ки анҷом медиҳам, маҳз барои тарғиби фарҳанги тоҷик аст.

- Шумо муаррифгари тоҷикон ҳастед, бигӯед, ин кор барои шумо пеш аз ҳама ифтихор аст ё масъулият?

- Ё ҳар ду. Ман аз муаррифӣ кардани фарҳанги тоҷик ҳам ифтихор дорам ва ҳам ин корро ҳамчун масъулияти бузург пазируфтаам. Шукр, ки тайи се даҳсола аст, ки талоши муаррифии тоҷику Тоҷикистонро дорам ва ин масъулиятро бо ҷону дил иҷро мекунам.

- Агар метавонистед тавассути як навои кӯтоҳ тамоми Тоҷикистонро ба як нафар хориҷӣ муаррифӣ кунед, он наво чӣ гуна мешуд?

- Бо эҳтимоли зиёд оҳанги “Гулҳои Душанбе”-ро иҷро мекардам.

- Соле пеш барои шаҳидони толори консертии “Крокус” мусиқии “Ангелы над Москвой”-ро эҷод намудед. Лутфан, қиссаи тавлиди онро ба мо бигӯед.

- Воқеан ҳам, ҳодисаи мазкур қиссаи ғамангезест, ки онро бо душворӣ паси сар кардам. Эҷоди мусиқие бахшида ба қурбониёнро вазифаи инсонии худ мешуморидам. Ҳунарманди халқии Русия ва президенти Иттиҳоди рақсӣ Станислав Григоревич Попов маро ба маросими ифтитоҳи Ҷоми рақсии Кремл даъват кард. Ман оҳанги “Ангелы над Москвой”-ро эҷод карда, он ҷо иҷро кардам ва вақти баромад тамоми толор ба нишони эҳтиром ба қурбониён онро росто гӯш карданд.

“ЭҲТИМОЛ ОШПАЗИ КАСБӢ МЕШУДАМ”

- Солҳои зиёд аст, ки дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекунед, бигӯед, ки ҳоло ба чӣ корҳо машғул ҳастед?

- Ба кори ҳунариву эҷодӣ бандам. Махсусан, ба баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангие, ки ҳам аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам аз тарафи Ҳукумати Русия доир мегарданд, машғул ҳастам.

- Вақтҳои охир бештар дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Ростӣ, вақтҳои охир масъалаи муҳоҷирон, ки ба як мушкили дарднок табдил ёфтааст, маро сахт нигарон мекунад. Ҳамчунин, дар масъалаи муносибати нохуби бархеҳо, ки бар асоси тафриқаи миллӣ сар мезанад, зиёд фикр мекунам. Ин масъалаҳо касеро, ки ҳамеша дар муҳити дӯстона зиндагӣ кардааст, ба ташвиш меоранд.

- Қисми зиёди вақтатонро ба мусиқӣ мебахшед, ё корҳои берун аз мусиқӣ?

- Мусиқӣ кори асосии ман аст. Аммо хушбахтона, таваллуди набераҳоям боз ҳам дунёи маро рангин сохт ва кӯшиш мекунам, ки барои нигоҳубин ва ҳамнишинӣ бо онҳо низ вақти муайян ҷудо намоям.

- Ба ҷуз мусиқӣ боз ба кадом соҳа ё шуғле андармон мегардед?

- Ба пухтупази хӯрокҳои гуногун ва нонпазӣ бисёр шавқу ҳавас дорам. Ҳамеша мегӯям, ки агар ба мактаби мусиқӣ намерафтам, эҳтимол ошпази касбӣ мешудам.

- Ташаккур барои суҳбат

- Саломат бошед.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.