Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Вохӯрии роҳбари Маркази миллии патенту иттилоот бо намояндагони Вазорати савдои ИМА
Рӯзи 19-уми сентябр директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода бо ҳайати Барномаи рушди ҳуқуқӣ-тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (CLDP) таҳти сарварии сарҳуқуқшиноси барнома Ҷеймс Филпи мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоратикунонии ихтироот, интиқоли технологияҳо, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисонро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ барои рушди низоми инноватсионии Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар доираи барномаи CLDP таъкид карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад