Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикистон ва Беларусия 10 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо намуданд
Дар шаҳри Душанбе нишасти 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Баларусия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо баъди ин нишаст 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои савдо, кишоварзӣ, саноат ва илм нигаронда шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон ва Беларусия сандаҳои муҳим, аз ҷумла созишнома миёни Комбинати қанди Сурх ва ширкати “Оби зулол”, қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ миёни Ассотсиатсияи чорводории “Белплемживобъединение” ва ширкати тоҷикиии “Бобои Шарифбек” оид ба расондани гӯсфандони зотӣ ба Тоҷикистон, созишнома миёни Комбинати гӯшти Слонимск ва КВД шаҳри Душаанбе оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ғизоӣ имзо намуданд. Ҳамчунин, тафоҳумнома миёни корхонаҳои ширии Беларусия ва ширикони тоҷик низ ба имзо расид. Дар доираи ин, тафоҳумномаи Комбинати ширии Пружанск бо ширкати Лоҳур тиҷорат дар мавриди интиқоли шири хушк ва зардоби шир, Комбинати ширӣ-консервии Глубокск бо Агентии таъминоти молҳои махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар нишаст таъкид шуд, ки ҳамкории минтақавии ду кишвар ба як минбари муҳим барои амиқ сохтани равандҳои истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳамгироӣ табдил ёфтааст.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон қайд кард, ки баргузор шудани ин нишаст имкониятҳои мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат чора меандешад, ки иқтисод рушд ёбад, хизматрасониҳои далватӣ рақамисозӣ шавад ва пардохтҳои ғайринақдӣ бештар татбиқ гарданд.
Бар асоси омор, дар соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 150 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 8, 4% зиёд мебошад. Дар панҷ соли ахир ҳаҷми истеҳсоли санот қариб ду баробар, аз 27 то 53 миллиард сомонӣ афзуд, ин дар ҳолест, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1, 9 маротиба зиёд шуда, ба 73 миллиард сомонӣ расид.
Ҷониби Беларусия хабар дод, ки фақат дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба Тоҷикистон 1056 сар чорвои калон ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 42% бештар аст.
Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Баларусия Юрий Горлов таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат дар бахши кишоварзӣ, балки дар соҳаҳои саноати коркард, саноати сабук, фармасевтика, илм ва маориф низ рушд хоҳад ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”