27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
20.09.2025 11:41

Тоҷикистон аз нигоҳи амният дуюмин кишвари амни ҷаҳон эътироф шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ворид шуда, дар раддабандии нави “Global Safety Report – 2025”, ки аз сӯи Институти амрикоии Gallup омода шудааст, ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Тибқи ин гузориш, ки бар асоси таҳқиқот дар 142 кишвар анҷом дода шудааст, 95% шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳатто дар вақти сайругаштҳои шабона худро бехатар эҳсос мекунанд.

Ҷойи аввалро Сингапур бо нишондоди 98% соҳиб шудааст.

Дар ин даҳгона ҳамчунин, кишварҳои Чин (94%), Умон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Имороти Муттаҳидаи Араб (90%) шомил гардидаанд.

Ин гузориш таъкид мекунад, ки Тоҷикистон дар чанд соли ахир пайваста миёни кишварҳои пешсаф аз рӯи сатҳи амният қарор мегирад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон чунин натиҷа тасдиқи самаранокии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Нозирон илова мекунанд, ки фазои устувори ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрҳову деҳот, ҳамчунин, меҳмондории суннатии тоҷикон ҳамчун арзишҳои муҳим аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.

Ҳузури Тоҷикистон дар қатори кишварҳое, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси пешсафон дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ шинохта шудаанд, обруву эътибори мусбати ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам месозад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.