27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
20.09.2025 08:13

“Беасос, хатарнок ва ғайритиббӣ”. Вазорати тандурустӣ ба навори баҳсбарангез вокуниш кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наворе, ки дар он марде даъво мекунад, ки давои бемории саратонро ёфтааст, вокуниш кард.

Дар навори мазкур, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич, сокини н.Кӯшониён иддао мекунад, ки бо шири гов метавонад беморони саратонро табобат кунад.

Дар ин росто, Вазорати тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабалиевич ягон маълумоти олии тиббӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти тибби халқӣ надорад, балки ҳамчун мусофиркаш фаъолият менамояд.

Ҳамчунин, ин ниҳод меафзояд, ки маълумоти аз ҷониби Саидаҳмадов Аловиддин Раҷабович дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда умуман асоси илмӣ надошта, аз ҳақиқат дур мебошад.  Нашри ин гуна изҳорот на танҳо хилофи стандартҳои тибби муосир аст, балки он метавонад боиси хатар ба саломатии беморон ва таъхири муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон гардад.

“Саратон бемории ҷиддӣ ва мураккаб мебошад, ки табобати он танҳо бо усулҳои илмӣ асосёфта ва тибби муосир, аз ҷумла ҷарроҳӣ, химиотерапия, радиотерапия ва доруҳои ҳадафнок  анҷом дода мешавад. Ягон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шири гов, наметавонад ҷойгузини табобати асосӣ бошад ва хусусан наметавонад бемориро пурра муолиҷа кунад”, - қайд мешавад дар вокуниш.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шаҳрвандон танҳо ба табибон ва муассисаҳои расмии тандурустӣ муроҷиат намоянд ва ба маслиҳати шахсони тасодуфӣ дар интернет бовар накунанд.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.