Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Ба саволҳои одӣ ҷавоб дода натавонистанд”. Сафари беогоҳии вазири маориф ба мактабе дар Ёвон
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Ёвон сафар карда, як қатор камбудиҳоро ошкор кард.
Тавре ки маркази матбуоти ин ниҳод иттилоъ медиҳад, зимни боздид маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур, бо вуҷуди дастгирии доимии давлат, дар самти таълиму тарбия, корҳои тарбиявӣ ва таъмини интизоми меҳнат камбудиҳои муайян ҷой доранд.
“Дар муассиса 54 нафар омӯзгор ба таълими 1680 хонанда дар ду баст машғул мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни дарси яке аз гурӯҳҳо мушоҳида гардид, ки танҳо 21 нафар аз 29 хонанда ҳузур доштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи нокофӣ ба масъалаи ҳозиршавии хонандагон ба дарс мебошад. Илова бар ин, аз 21 компютер дар синфхонаи компютерӣ, танҳо 3 адади он фаъол буд, ки ин ҳолат нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Ҳолати мазкур равшан мекунад, ки нигоҳубини таҷҳизот ва таъмини дарс бо шароити зарурӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда нашудааст ва баъзан муассисаҳо ба шуъбаҳои маориф аз бемасъулиятӣ омори саҳеҳ ироа намекунанд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Манбаъ илова мекунад, ки бархе хонандагони муассисаи мазкур ба саволҳои одӣ, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ ё фаҳмиши мафҳуми “технологияи иттилоотӣ” ҷавоби дуруст дода натавонистанд.
Ҳамчунин, қайд мегардад, ки дар муассисаи мазкур омезиши гуруҳҳои синфҳои 8 ва 9 дар як соати дарсӣ мушоҳида шуд, ки хилофи талаботи меъёрҳои таълим буда, нишон медиҳад, ки ташкили дарсҳо дар баъзе мавридҳо аз рӯйи принсипҳои равшан ва қонунӣ сурат намегирад.
Масъалаи дарсшиканиву риоя нашудани либосҳои тавсиявӣ низ аз ҷумлаи камбудиҳои муассисаи мазкур гуфта мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”