Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Барои кӯдакони гирифтори бемории саратон. Ифтитоҳи “Тасалло” дар Душанбе
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин хосписи кӯдакона дар Тоҷикистон бо номи “Тасалло” барои кӯдакони гирифтори бемории саратон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и вазорат ифтитоҳ гардид.
Иттилоъ дода мешавад, ки шуъбаи мазкур бо ташаббуси муассиси Фонди хайриявии «Лона» Раҳмон Озода Эмомалӣ таъсис дода шудааст.
Дар ифтитоҳи шуъбаи “Тасалло” директори “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” Акбар Муродзода гуфтааст, ки хосписи мазкур барои расонидани кумаки паллиативӣ ба кӯдакони гирифтори марҳилаи IV-и бемории саратон равона гардидааст.
Гуфта мешавад, ки шуъбаи мазкур бо технологияи замонавӣ таъмин шуда, шароити мусоид ба кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо, ҳамчунин, имконияти гирифтани ёрии тиббӣ ва руҳиву равонӣ фароҳам карда шудаанд, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз имконияти муҳаёгардида, фаъолияти хешро аз пештара боз ҳам беҳтар хоҳанд кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад